Машина милиции в Душанбе, архивное фото

"Шумораҳои воҳима": боздошт ва муҷозоти 29 ронанда - видео

817
(Таҷдидшуда 19:45 14.01.2020)
Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 29 ронандаро бар пояи “шикоятҳои интернетӣ” боздошт ва муҷозот кардааст

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Қаблан ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки 9 ронандаро бар пояи шикояти сокинон тариқи шабакаи интернетии Фейсбук ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе, аз 20 нафари дигар сокинони пойтахт тариқи имейл ё сомонаи ин ниҳод шикоят карда, далоили шайъӣ, аксу видеои ноқизони ҳаракати роҳро дар ихтиёри мақомот гузоштаанд. Он чӣ ҷолиб ба назар мерасад, шумораҳои “воҳиманок” - и сабукравҳои боздоштшуда аст.

“7770”, “0202”, “1111”, “111”, “8404”, “0002”, “4242”, “5555”, “177” ва ғайра, ки дар гузориши видеоии Дастгоҳи марказии Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) – и шаҳри Душанбе зикр шудаанд, осону арзон ба даст намеоянд ва маъмулан тариқи ауксионҳо бо қиматҳои аз 400 то 5 ҳазор сомонӣ харидорӣ мешаванд.

“Бархе ронандаҳо бар инанд, ки “шумораҳои воҳиманок” барои ҳаракат, балки коидаситезиҳои онҳо дар пойтахт замина фароҳам мекунад. Аз сӯи дигар, онҳо пинҳон аз назари камераҳои назоратӣ ва кормандони БДА даст ба қонуншиканӣ мезананд ва фикр мекунанд, ки онҳоро касе намебинад”, - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон аз БДА – и шаҳри Душанбе.

Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ронандагоне, ки бо кӯмаки сокинон боздошт ва аз рӯи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷозот шуданд, асосан ҳангоми ҳаракат муқобили самт, убур аз чароғаки сурх, убур аз “хатти сафед” ва ба вуҷуд овардани ҳолатҳои садамавӣ аксу наворбардорӣ шудаанд.

 Ин ниҳод ошкор шудани қоидаситезиҳоро натиҷаи “ҳамкории судманди БДА бо ҷомиаи шаҳрвандӣ” унвон карда, бар ин бовар аст, ки аз ин роҳ фарҳангу одоби шаҳрдорӣ ва эҳтироми қонун дар миёни сокинонро густариш хоҳад дод.

817
Барчаспҳо:
муҷозот, боздошт, интернет, шикоят, ронанда, Вазорати корҳои дохила, Душанбе