Таркиши норинҷаки РГД-5 дар маркази Душанбе: як нафар ҳалок шуд

© SputnikАвтомобиль милиции, архивное фото
Автомобиль милиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар натиҷаи таркиши норинҷак шаҳрванд Мезентсев Иван Андреевич ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи нохуш дар маркази шаҳри Душанбе хабар додааст, ки дар натиҷа як тан ҳалок шудааст.

Баграм. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таркиш дар назди пойгоҳи ҳавоии Багром дар Афғонистон: 30 нафар сахт маҷрӯҳ шуданд
Бино бар иттилои манбаъ, 14 январи соли ҷорӣ дар кӯчаи Рӯдакӣ, дар даромадгоҳи яке аз биноҳои истиқоматӣ норинҷаки РГД-5 таркидааст.

Тавре дар гузориши манбаъ омадааст, тахминан соатҳои 16.30 дақиқа шаҳрванд Мезентсев Иван Андреевич соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ 176, ҳуҷраи 5 як адад норинҷаки РГД-5-ро бо худ гирифта, ҳангоми  дар назди даромадгоҳи (подъезд)  қарор доштанаш таркиш ба амал омадааст.

Дар натиҷаи таркиши норинҷак шаҳрванд Мезентсев Иван Андреевич ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.

Дафтари матбуотӣ таъкид мекунад, ки Иван Мезентсев ҳангоми ҳодиса маст буд ва норинҷакро ғайриқонунӣ дар манзилаш нигоҳ медошт.

Шарҳи ВУД дар бораи таркиш дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи ВУД Нусратулло Саидов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ҳодисаро тавзеҳ дод. Ӯ таъкид намуд, ки Иван Мезентсев шаҳрванди қаторӣ буд ва кормандони ниҳод тафтиш мекунанд, ки норинҷакро аз куҷо дастрас кардааст.

Санҷиши ҳодиса аз ҷониби гуруҳи оперативӣ-тафтишотии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0