Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали

Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ дар пойтахт истгоҳи обполоиро ифтитоҳ карданд

981
(Таҷдидшуда 14:25 15.01.2020)
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар ба марҳилаи дуюми истгоҳи обполоӣ ва обтаъминкунии “Худҷореъ”-и Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” оғози расмӣ бахшид

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба марҳилаи дуюми истгоҳи обполоӣ ва обтаъминкунии “Худҷореъ”-и Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" оғози расмӣ бахшид.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.

Тавре манбаъ қайд намудааст, тадбири мазкур барои таъмини сокинони шаҳри Душанбе бо оби тозаи нӯшокӣ амалӣ гардидааст.

“Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми истгоҳи обтозакунӣ 28 ноябри соли 2017 оғоз гардида, имрӯз бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои замони муосир анҷом ёфт”,  - таъкид дошт дафтари матбуоти Пезиденти Тоҷикистон.

Иқтидори истеҳсолии марҳилаи аввали иншоот 150 ҳазор метри мукааб об дар як шабонарӯз буда, эҳтиёҷоти беш аз 300 ҳазор нафарро қонеъ мекард.

Акнун бо ифтитоҳи марҳилаи дуюми иншоот иқтидори истеҳсоли оби тоза дар як шабонарӯз зиёд намуда, сокинони шаҳри Душанберо бо оби тозаи нӯшокӣ пурра таъмин хоҳад кард.

Зимни боздид аз истгоҳи обполоӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар  зикр намудааст, ки Тоҷикистон кишвари сероб аст ва дар шароити имрӯза бо дарназардошти манфиатҳои наслҳои оянда, бояд роҳҳои истифодаи самараноку сарфакорона ва муносибати эҳтиёткорона бо захираҳои обӣ оқилона истифода гардад.

Бояд гуфт, ки сохтмони обполакҳои зудамали регӣ бо мақсади аз байн бурдани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда дар бахши обтозакунӣ ва безараргардонии оби нӯшокӣ оғоз гардида буд.

Лоиҳакаш ва паймонкори истгоҳи обполоӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” Ширкати муштараки олмонию итолиёвии Людвиг Пффайфер — Эмит (“Ludwig Pfeiffer — Emit”) мебошад.

981
Барчаспҳо:
раиси шаҳри Душанбе, Раисҷумҳур, КВД "Обу корези Душанбе", Душанбе, корхона, Рустам Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон