Движение на улице Душанбе

Ҳаворо ифлос мекунанд: дар Душанбе таксиҳои модели то соли 2014 мамнӯъ шуд

339
(Таҷдидшуда 01:15 16.01.2020)
Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон ҳаракати таксиҳои тавлидшуда то соли 2014-ро дар Душанбе мамнӯъ кард

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи "Парс тудэй", бар асоси ин дастур, таксиҳое, ки тавлиди онҳо ба пеш аз соли 2014 бармегардад, ҳаққи тараддуд дар шаҳри Душанберо надоранд.

Ҷумъахон Давлатов, мудири идораи ҳамлу нақли шаҳрдории Душанбе гуфтааст, ки ҳадаф аз ин иқдом, ҷилавгирӣ аз олудагии ҳаво ва таъмини амнияти мусофирон аст.

Аз 2300 дастгоҳ васоили нақлияи дорои муҷаввизи мусофиркашонӣ дар пойтахти Тоҷикистон, танҳо 1271 мошин пас аз соли 2014 тавлид шудааст.

Бархе коршиносон мӯътақиданд, ки дар сурати иҷрои ин тарҳ, беш аз ҳазор ронандаи таксӣ дар шаҳри Душанбе бекор хоҳанд шуд, зеро ҳамаи ронандагони таксӣ, тавони молии кофӣ барои хариди мошини ҷадид надоранд.

339