Посетители в компьютерном клубе, архивное фото

Ба марказҳои бозии комютерӣ наравед: волидайни ҳашт ноболиғ дар Тоҷикистон ҷарима шуданд

157
(Таҷдидшуда 12:46 16.01.2020)
Вазорати умумри дохилаи Тоҷикистон эълон намудааст, ки нисбати волидайни 8 ноболиғ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима татбиқ карда шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв —Sputnik. Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВУД-и Тоҷикистон дар марказҳои бозиҳои компютерии ноҳияи  Синои шаҳри Душанбе санҷиш гузаронд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар натиҷаи санҷиш  дар маркази бозиҳои компютерӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳуснободи ноҳияи  мазкур, ки ба шаҳрванд Мансур Ҷалолов тааллуқ дорад, муайян гардид, ки 8 нафар ноболиғ ва 11 нафар ҷавон  ба бозиҳои зараровари компютерӣ машғул буданд.

Манбаъ қайд намудааст, ки барои иҷозат додани ноболиғон ба  ин марказ нисбат ба  соҳиби маркази бозиҳои компютерӣ санади  зарурӣ тартиб дода, фаъолияти ин марказ  муваққатан қатъ карда шуд.

Кормандони ВУД Тоҷикистон миёни ҷавонон ва ноболиғон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки нисбати  падару модарони  ин ноболиғон дар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  санади  маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима татбиқ карда шуд.

“Мутаассифона, ҳанӯз ҳам ба мушоҳида мерасад, ки бархе ноболиғон вақти пурқимати худро беҳуда, дар марказҳои бозиҳои компютерӣ мегузаронанд”, - зикр намудааст масъулини ВУД Тоҷикистон.

157
Барчаспҳо:
ҷарима, санад, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, кодекс, волидайн, вазорати умури дохила, Тоҷикистон
 Председатель Демократической партии  Саидджафар Усмонзода

Роҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ маълум шуд

113
(Таҷдидшуда 21:07 21.01.2021)
Мақсуд Нуруллоев раиси бахши Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ интихоб шудааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж” интихоби Мақсуд Нуруллоев дар ҳолест, ки моҳи апрели соли гузашта раиси собиқи бахши ҲДТ дар ноҳияи Панҷ Шариф Назаров, бинобар сабаби гирифторӣ бемории ҳамагири коронавирус аз олам даргузашт.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода таъкид доштааст, ки  Мақсуд Нуруллоев аз соли 2013 инҷониб узви ҳизб аст. Вай қайд кардааст, ки ҲДТ дар ноҳияи Панҷ 227 аъзо дорад.

Усмонзода сабаби интихоби шудани Нуруллоевро ба раисии бахши ҳизб дар ин ноҳия ба “фаъолу дилсӯз” будани ӯ рабт дод.

Манбаъ зикр кардааст, ки Мақсуд Нуруллоев соли гузашта дар баробари раиси феълии ноҳияи Панҷ Шоҳиён З. дар интихобот ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии Панҷ-54, тариқи худпешбарӣ, номзад буд, аммо мутаасифона интихоб нагардид.

Нуруллоев Мақсуд Бекмуродович 26-уми июли соли 1977 дар деҳаи ба номи Ҳасан Шерови ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ, дар оилаи ронанда ба дунё омада, солҳои 1983-1993 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и деҳааш таҳсил кардааст. Ихтисосаш ронанда аст. Ӯ то чанд соли охир раисии кумитаи маҳаллаи деҳаи ба номи Ҳасан Шеровро ба уҳда дошт.

113
Барчаспҳо:
интихоб, Панҷ, раис, Ҳизби демократи Тоҷикистон
Первая в мире вакцина от коронавируса

Тоҷикистон аз Русия дар бораи воксинаи “Спутник V” маълумоти пурра гирифт

148
(Таҷдидшуда 21:09 21.01.2021)
Русия ба Тоҷикистон дар мавриди воксинаи зидди вируси корона “Спутник V” пурра маълумот додааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров эълон кардааст, ки ҷониби Русия дар мавриди воксинаи зидди вируси корона “Спутник V”  пурра маълумот ирсол кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.

Ҷаъфаров зикр кардааст, ки маълумот тавассути каналҳои дипломатӣ дастрас шуд.

Гуфта шудааст, ки воксинаи “Спутник V” –ро як гурӯҳи кории махсус меомӯзад ва сипас дар бораи хариди он тасмим гирифта мешавад.

Наврӯз Ҷаъфаров инчунин қайд кардааст, ки ҳоло Тоҷикистон воксинаи Pfizer сохти Амрикоро низ омӯхта истодааст.

Вай афзуд, ки мақомоти Тоҷикистон инчунин иттилоъ дар бораи воксинаи AstraZeneca- и Бритониёро низ интизор аст.

“Мо тамоми имконоти мувофиқ ба афзалиятҳои муайянкардаи кишварамонро баррасӣ хоҳем кард. Таъсирнокӣ ва бехатарии воксина бояд аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) сертификат шуда, инчунин интиқол аз кишвари истеҳсолкунанда ба Тоҷикистон осон бошад”,-таъкид кардааст Наврӯз Ҷаъфаров.

148
Барчаспҳо:
вируси корона, Спутник, маълумот, Русия, Тоҷикистон