Парламентские выборы в Таджикистане

Оғози сабти расмии номзадҳо ба вакилии парлумон дар Тоҷикистон

182
Дар Тоҷикистон маросими бақайдгирии расмии номзадҳо ба вакилии парлумони кишвар, ки то 9-уми феврали соли равон идома меёбад, оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Тоҷикистон имрӯз, 16-уми январи соли 2020 бақайдгирии расмии номзадҳои пешбаришуда ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистонро оғоз хоҳад кард, иттилоъ додааст хабаргузории “ТоҷикТА”.

Интихобот парламентӣ дар Тоҷикистон 1 марти соли 2020 баргузор мешавад. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Тоҷикистон хабар додааст, ки маросими бақайдгирии расмии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар то 9-уми феврал идома хоҳад ёфт.

Интихобот дар Суғд: занони Конибодомро ба интихобот даъват карданд

“Танҳо пас аз сабти номзадҳо, онҳо метавонанд дар ҳавзаҳои интихоботии худ маъракаи густардаи таблиғотиро оғоз намоянд”, - гуфтааст КМИР Тоҷикистон.

КМИР Тоҷикистон муқаррар кард, ки барои истифодаи телевизион ва радиои давлатӣ ба ҳар номзад аз ҳизбҳои сиёсии кишвар то 40 дақиқа ва ба ҳар як номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи якмандатии интихобот то 20 дақиқа ройгон вақти эфирӣ ҷудо карда мешавад.

Инчунин барои ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакили парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихобот дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чопи ройгони маводи ташвиқотӣ дар ҳаҷми то 8 саҳифаи дуинтервалии компютерӣ, шрифти 14 муқаррар карда шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ба ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 63 нафар вакилон интихоб мешаванд.  

  41 вакил аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 22 вакил тибқи рӯйхати ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявии интихоботӣ.

Бояд қайд кард, ки баҳори соли 2020 дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ ва дар фасли тирамоҳ интихоботи Президентӣ баргузор мешавад.

182
Барчаспҳо:
парлумон, вакил, номзадҳо, бақайдгирии довталабон, Тоҷикистон