Милиционеры в Душанбе, архивное фото

ВКД мардеро меҷӯяд, ки маблағи ҳангуфти сокини Рӯдакиро гирифта ғайб задааст

247
(Таҷдидшуда 10:48 17.01.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро дар қаллобӣ гунаҳкор мекунад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputniк. Дар ин бора ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 32-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Сомониён шикоят кардааст.

Зани соҳибкор - роҳбари ширкати “Нур” дар Душанбе бо гумони қаллобӣ боздошт шуд

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохила, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, шикоят кардааст, ки соли 2018 марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 110 000 сомонӣ гирифтааст.

Ин мард мегӯяд, сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

"Билети арзонда биё, бача": як марди тоҷик дар Русия 400 ҳамватанашро фиреб кард

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

247
Барчаспҳо:
сармояи ҳангуфт, маблағ, ВКД