Пиджак на кресле

Курсии сармеъмор дар Хуҷанд ҳанӯз холӣ аст

241
(Таҷдидшуда 15:51 18.01.2020)
Мақомоти ҳукумати Хуҷанд, ҳарчанд барои ишғоли вазифаи сармеъмори шаҳр миёни сокинон озмун эълон карда буданд, вале то ба ҳол ҳеҷ нафар ҳозир нашудааст, ки дар ин мансаби калидӣ кор кунад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputniк. Як манбаъ дар ҳукумати Хуҷанд гуфт, бо вуҷуди эълони озмун, довталабони соҳибтахассус барои фаъолият бурдан дар вазифаи сармеъмор муроҷиат накардаанд.

"Аз ҳамин сабаб то ҳол вазифаи мудири шуъбаи меъмории шаҳр холӣ мондааст", -  гуфт манбаъ.

Вазифаи сармеъмор дар ҳукумати Хуҷанд сар аз нимаҳои дуюми соли 2019 ба ин су холӣ аст. Бо мақсади ҷалби хоҳишмандони соҳибтахассус ба ин вазифаи калидии давлатӣ, ахиран дар ибтидои моҳи декабри соли 2019 ҳукумати шаҳр озмуни ишғоли як мансабӣ холӣ низ эълон намуданд, вале бо ин вуҷуд хоҳишмандон, барои кор кардан дар ин вазифа чандон мароқ зоҳир накардаанд.

Дасту дили пок: як шарти озмуни як мансаби холӣ дар Хуҷанд

Барои ширкат дар озмуни ишғоли вазифаи сармеъмор, он замон ҳукумати Хуҷанд эълон дошта буд, ки довталабон метавонанд давоми 21 рӯз ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод кунанд. Доштани дасту дили пок ва нияти неки саҳмгузорӣ дар рушди шаҳрсозӣ, яке аз талаботҳои асосӣ дар баробари пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозимӣ аз қабилӣ "таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.Довталаб бояд соҳаи шаҳрсозӣ ва меъмориро хуб донад. Бо технологияи нави шаҳрсозӣ шинос бошад, бо компутер ва интернет кор карда тавонад. Аз донишҳои муосири меъморӣ бархурдор бошад”, - гуфта мешуд дар эълони озмун.

Озмун: Кумитаи андоз барои 102 мансаби холӣ соҳиб меҷӯяд

Аммо ҳоло бо ба итмом расидани муддатзамони баргузории озмун, гуфта мешавад, ки ҳеҷ довталаб хоҳишмандона барои кор дар ин мақом кӯшиш накардааст. Вагарна то ба имрӯз аз таъини нафаре дар ин мақом хабар дода мешуд. Вазифаи сармеъмор дар ҳукумати Хуҷанд сар аз нимаҳои дуюми соли гузашта ба ин тараф холӣ мондааст.

241
Барчаспҳо:
Хуҷанд