Добытые драгоценные камни

Дар Суғд озмуни "Ҳунарҳои ороишӣ аз санг" гузаронида мешавад

65
(Таҷдидшуда 19:34 21.01.2020)
Ба ғолибони озмуни "Ҳунарҳои ороишӣ аз санг" мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва 1000 сомонӣ тақдим мегардад

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Даҳаи сеюми моҳи январ дар вилояти Суғд озмуни вилоятии "Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад.

Дар ин бора хадамоти матбуотии ҳокимияти вилоят хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории озмун, мусоидат дар рушди ҳунари сангтарошӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, инчунин ташвиқу тарғиби таҷрибаи ҳунармандон мебошад.

Ғолибони озмуни “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” ва беҳтаринҳои соҳаи сайёҳӣ эълон мешаванд

"Даври якуми озмун дар шаҳру ноҳия ва даври дуюми он дар маркази вилоят доир гардида, ба ғолибон мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва 1000 сомонӣ тақдим мегардад", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар ҳар минтақаи вилоят коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ бо тарзу усули хоси минтақаи ҷойгиршавӣ ба роҳ монда шудааст ва яке аз ҳадафҳои озмун муаррифии маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ карда мешавад.

65
Барчаспҳо:
озмун, Суғд, Тоҷикистон
Горная дорога в Таджикистане

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хоруғ: ду мусофири "Тайота - Карола" ҷон бохтанд

35
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ хабар медиҳад, ки ба ҳалокати ду мусофири автомашинаи "Тайота - Карола" анҷомид

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Садамаи маргбор дар роҳи нақлиётгарди "Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ"  дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат рух дод, хабар медиҳад котиботи ВУД Тоҷикистон.

Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Ба иттилои манбаъ, садамаи мазкур рӯзи 5-уми август, тахминан соатҳои 10:30-дақиқа ба вуқӯъ пайваст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Нуриддинов Шуҳрати 32 - сола, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ", дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Тайота-Карола", таҳти идораи Муродов Иброҳими 37 - сола сокини ноҳияи Фархор, бархӯрдааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи "Тайота - Карола" Қамишев Нуриддини  54 - сола ва Эмомқулов Алиҷони 28 - сола аз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ҳамчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра" ва мусофираш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

35
Барчаспҳо:
ҳалок, мусофир, мошин, садама, роҳ
Парламентские выборы в Таджикистане

Замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон эълон шуд

364
(Таҷдидшуда 12:26 06.08.2020)
Замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон имрӯз зимни баргузории ҷаласасаи навбатии порлумони кишвар дақиқ шуд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад, хабар дод Наврӯз Қурбонзода, сухангӯи парлумон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт.

Ба иттилои манбаъ, бар асоси қаророри қабулгашта интихоботи навбатии президентӣ дар кишвар рӯзи 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, иҷлосия таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Дар пайи қабули қарори баргузории интихоботи президентӣ ҳамакнун аҳзоби сиёсӣ метавонанд номзадҳои худ ба курсии президенти Тоҷикистон пешниҳод кунанд.

Ёдовар мешавем, интихоботи пешини сарвари давлати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд.

Муҳлати резидентӣ дар Тоҷикистон  7 сол аст.

Президенти кунунии ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи ноябри соли 1994 инҷониб дар ин вазифа аст.

364