Жениш Разаков

Қирғизистон барои иваз бо Тоҷикистон номи ду минтақаро эълом кард

1224
(Таҷдидшуда 13:35 22.01.2020)
Муовини нахуствазири Қирғизистон аз мушаххас шудани ду минақаи ин кишвар дар ноҳияи Бодканд, барои иваз бо Тоҷикистон дар чорчӯби тавофуқи аломатгузории марзи муштараки ин ду кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Жениш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон дар нишасти Кумитаи умури амният ва дифои Парлумони Қирғизистон таъкид кардааст, ки  масъалаи ивази ду минтақаи маълумшуда дар дидор бо ҳайати музокиракунандаи марзии Тоҷикистон пешниҳод хуоҳад хаҳад шуд, иттилоъ додааст сомонаи сомонаи 24.Kg.

Ба гуфтаи вай, ин мавзӯъ дар дидор бо ҳайати музокиракунандаи марзии Тоҷикистон, ки имрӯз 22 январи соли равон дар Бишкек баргузор мешавад, баррасӣ хоҳад шуд.   

Жениш Раззоқов таъкид кардааст, манотиқи Ариқ-Аста дар рустои Оқсой ва Самарқандак дар рустои Самарқандаки ноҳияи Ботканд бо тавофуқ бо тарафи Тоҷикистон иваз хоҳад шуд.

“Ин кор масири ҳаракати атбои қирғиз ва тоҷикро мустақим мекунад ва ниёзе барои вуруди онон ба қаламрави кишварҳои якдигар боқӣ намемонад”, - гуфт вай.

Ҳамзамон, ба гуфтаи Муовини нахуствазири Қирғизистон, тарафҳо бар сари аломатгузории 114 километр аз марзи муштарак бо Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд.

1224
Барчаспҳо:
муштарак, аломатгузорӣ, тавофуқ, иваз, Бодканд, минтақа, Қирғизистон, Тоҷикистон