Трансляция матча ЧМ-2014 по футболу Бельгия - Россия

Нороҳатӣ дар хориҷа! Пахши “Футбол” қатъ, рамзи “Варзиш” дигар шуд

767
(Таҷдидшуда 14:21 22.01.2020)
Як идда бинандагони шабакаҳои телевизионии “Футбол” ва “Варзиш” – и Тоҷикистон аз дастнорасии онҳо дар хориҷ аз Тоҷикистон изҳори нороҳатӣ мекунанд. Ба қавли онҳо, ин ду шабакаро дар гузашта тариқи моҳвора тамошо мекарданд, аммо ҳоло ин имконро надоранд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Шабакаи “Футбол” мегӯяд, нороҳатиҳои бинандагон ҷо дорад ва воқеан пахши ин телевизион дар хориҷ аз Тоҷикистон қатъ шудааст.

Наврӯз Муқимов, мудири “Футбол” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, далели қатъи пахши барномаҳо дар матолиб ё контентҳоест, ки аз ҳамкорони шабака ба даст меоянд ва ҳудуди пахшашон танҳо ба Тоҷикистон маҳдуд мешавад.

Вай афзуд, вақте чанде аз матолиб пахш шуданд, аз ҳамкорон огоҳӣ гирифтаанд, ки аз ин кор худдорӣ кунанд.

“Ин матолибро мо аз Иттиҳоди анҷуманҳои футболи Аврупо (UEFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFK) дастрас мекунем. Тибқи шартномае, ки мо бо онҳо дорем, матолибе, ки аз сӯи онҳо ба мо пешниҳод мешаванд, фақат бояд дар қаламрави Тоҷикистон пахш шаванд. Ин шартнома миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва онҳо баста шудааст”, - таъкид дошт Наврӯз Муқимов.

Шабакаи телевизионии "Футбол" як шабакаи саросарии маъруф ва тобеъи Федератсияи футболи Тоҷикистон аст, ки 21 феврали соли 2017 аз сӯи президенти федератсия Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ ва шурӯъ ба кор кардааст. Ин шабака сирфан ба пахшу бозпахши бозиҳои футболи Тоҷикистону ҷаҳон ихтисос ёфта, бо кайфияти HD ва умдатан ба забони тоҷикиву қисман русӣ пахш мешавад.

Қаблан теъдоди бинандагонаш дар саросари ҷаҳон, ба шумули 9 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон, ҳудуди 20 миллион тахмин шуда, гуфта мешуд, мухотабонаш дар Афғонистон, Ӯзбекистон, Эрон, Русия, Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунанд.

Телевизиони “Варзиш” низ ба ҳамин теъдод дар кишварҳои фавқуззикр бинандагони худро дорад. Аммо дар қиёс бо “Футбол” дастрасӣ ба он дар хориҷ аз Тоҷикистон имконпазир буда, фақат дар пахши он бархе тағйироти фаннӣ пеш омадааст.

Парвиз Норзода, мудири “Варзиш” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин шабакаи телевизионӣ рамзи дастрасӣ ё дискод (discode) - и худро иваз кардааст ва дар ҳоли ба даст овардани он тамошои телевизион имконпазир мешавад.

“Онҳое, ки дар хориҷ аз кишвар ҳастанд, метавонанд рамзи дастрасиро пайдо кунанд. Ҳар кӣ дар гузашта дискод дошт, инро хуб мефаҳмад, ки истифодаи он чӣ гуна аст. Бинандагон метавонад тариқи сафҳаҳои иҷтимоии телевизион муроҷиат кунанд ва рамзи дастрасии ҷадидро ба даст оранд” – гуфт Норзода.

ТВ “Варзиш” зерсохтори Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон буда, як шабакаи телевизиони миллии варзишӣ аст, ки аз 1 марти 2016 дар саросари кишвар ва хориҷ аз он бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва кайфияти HD пахш мешавад. Ин шабака ба пахшу бозпахши тамоми намудҳои варзиш дар Тоҷикистону ҷаҳон ихтисос ёфтааст.

767
Барчаспҳо:
пахш, Футбол, тамошо, моҳвора, варзиш, телевизион, Тоҷикистон
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

471
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

471
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон
Амнистия заключенных в Согдийской области

Эълони авф дар Тоҷикистон: Раҳмон чанд маҳбусро бахшид?

2732
(Таҷдидшуда 20:40 30.10.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пас аз маросими савгандёдкунӣ авф эълон карда, беш аз 300 нафарро аз зиндон озод кард

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунӣ авф эълон карда, 378 маҳбусро бахшид.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, тасмими авфи зиндониён имрӯз бо фармони Президенти кишвар сурат гирифтааст.

Озодӣ бе порадиҳӣ: таъкиди Президент ба пешгирии фасод ҳангоми афв

Гуфта мешавад,  фармони раисиҷумҳур "Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд" дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон сурат гирифта, бар асоси он 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуд.

Ёдрас мешавем, ки бори охир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2019 қонуни авфро имзо карда буд.

Он замон 20 ҳазор зиндонӣ бахшида шуда буданд.

2732
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Эмомалӣ Раҳмон, авф, Тоҷикистон