Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Номзадии Рустам Эмомалӣ пешбарӣ шуд: раиси Душанбе дар интихобот иштирок мекунад

7344
Раиси шаҳри Душанбе дар интихоботи парлумонӣ иштирок мекунад. Ӯро аз ҳизби ҳокими Тоҷикистон, ҳавзаи интихоботии рақами 25 пешбарӣ карданд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Номзадии Рустам Эмомалӣ ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ гардид, гузориш медиҳад АМИТ "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, номзадии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳавзаи интихоботии №25 дар рафти як конфронс аз ҷониби ҳизби ҳоким  пешбарӣ шудаст.

"Конференсияи мазкур дар толори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон баргузор гардида, дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода, раиси Комиссияи ҳавзаи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов, раиси Комисиссияи ҳавзаи маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, вакилони конференсия, намояндагони ВАО ва нашрияҳои ҳизбӣ иштирок доштанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Президент барканор карду ба вакилӣ пешбарӣ шуд: Азиззода дар интихобот иштирок мекунад

Дар кори конференсия масъалаҳои пешбарии номзадҳо ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ба вакилии  маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамин тавр, аз рӯи ҳарду масъала номзадҳо бо тарафдории вакилони конференсия ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ба вакилии  маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешбарӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ 1 марти соли 2020 таъйин шудааст.

7344