Боздошти муттаҳам дар фасодкорӣ

Transparency International сатҳи фасодзадагии Тоҷикистонро муайян кард

424
(Таҷдидшуда 16:13 23.01.2020)
Созмони байналмилалии ғайридавлатии Transparency International таҳқиқоти ҷадидашро дар самти фасодзадагии кишварҳои дунё мунташир кардааст

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Тоҷикистон дар ин шохис миёни 180 кишвари дунё чун соли пешӣ бо 25 хол дар мақоми 153-юм ҷой гирифта, шомили 30-гонаи фасодзадатарин кишварҳои ин радабандӣ шудааст.

Генерал-майор Сулаймон Султонзода, сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон
акс аз сомонаи Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон

Дар баробари Тоҷикистон, Узбакистон низ бо 25 хол дар мақоми 153-юм ҷой гирифтааст. Нишондоди бадтар аз Тоҷикистону Узбакистонро дар қаламрави собиқ шӯравӣ танҳо Туркманистон дорад, ки бо 19 хол дар зинаи 165 қарор дорад.

Ин радабандӣ бар пояи таҳлили хатарҳои сармоягузорӣ, озодии баён, сатҳи зиндагӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон ба сатҳи фасодзадагӣ таҳия шудааст.

Миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ Эстония - 74 хол, Литва - 60, Латвия, Гурҷистон – 56-холӣ, Белорусия – 45, Арманистон – 42, Қазоқистон - 34, Молдова - 32, Озарбойҷон, Қирғизистон, Украина – 30-холӣ, Тоҷикистону Узбакистон – 25 хол ва Туркманистон 19 хол гирифтаанд.

Кофтукоби шахсии онҳо ва азназаргузаронии мошину телефонашон манъ: илова ба қонун

Пешсафҳои ин радабандӣ – Зеландияи нав, Дания - 87 холӣ, Финляндия – 86 хол, Швейтсария, Сингапур ва Шветсия - 85 хол мебошанд.

Дар феҳристи фасодзадатаринҳо Сомалӣ – 9 хол, Судони ҷанубӣ – 12 ва Сурия бо 13 хол шомил шудаанд.

424
Барчаспҳо:
таҳқиқот, боздошт, фасод, Тоҷикистон
Марзбони тоҷик, акс аз бойгонӣ

КДАМ Тоҷикистон моҷаро дар марз ва тирпаронии марзбонҳои қирғизро шарҳ дод

565
(Таҷдидшуда 22:44 25.10.2020)
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон моҷарои 25 октябр дар марз ва тирпаронии сарҳадбонҳои қирғизро шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тибқи иттилои нерӯҳои марзбонии КДАМ, рӯзи 25-уми октябри соли 2020, соати 15:30 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара дар дохили деҳа қубури обгузарро, ки кӯҳнаву афсурда шудааст, иваз мекарданд.

"Дар ин вақт 25-30 нафар сарҳадбонони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ба назди деҳаи мазкур ҳозир шуда, аз сокинон талаб мекунанд, ки корро қатъ созанд.  Онҳо даъво пеш меоранд, ки маҳали кори шаҳрвандони Тоҷикистон минтақаи баҳсӣ дониста мешавад ва аз силоҳи оташфишон ҷониби сокинони Хоҷаи Аъло тир мекушоянд", - омадааст дар изҳороти КДАМ.

КДАМ таъкид кардааст, ки ин қитъа қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, иғвогарии навбатии марзбонони қирғиз ба мураккаб намудани вазъият дар хатти сарҳади ду давлат равона гардидааст.

Манбаъ афзуд, хушбахтона, аз тирпаронии марзбонони қирғиз сокинони Хоҷаи Аъло осеб надидаанд. Корҳо дар маҳали муноқиша муваққатан қатъ карда шуданд.

Байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ду кишвар  гуфтушунид идома дорад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон қаблан бо нашри як изҳорот гуфт, марзбонҳои қирғиз барои ҳифзи ҳаёту саломатӣ ва ҷилавгирӣ аз шиддати вазъ ба ҳаво тир холӣ карданд.

565
Барчаспҳо:
тирпаронӣ, марз, Тоҷикистон
Сбор урожая хлопка в Турсунзаде

Раиси Суғд ба ғолибони озмун аз 5 то 20 ҳазор сомонӣ ҷоиза дод

46
(Таҷдидшуда 20:58 25.10.2020)
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд”-и маркази вилоят ба ғолибони даври дуюми мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор ҷоиза дод

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, зимни маросими ҷоизасупорӣ аз зарурати рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва таъсиси ҷойҳои корӣ гуфт.

Тибқи иттилои ҳукумати вилояти Суғд, дар ҷамъбасти давраи дуюми мавсими пахтачинӣ заркорони ноҳияҳои Спитамен, Мастчоҳ ва инчунин пахтакорони Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз ғолиби мусобиқа дониста шуданд.

Манбаъ афзуд, раиси вилоят ба ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ "Вимпели сайёр" ва мукофотпулиҳоро дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ, 10 000 сомонӣ ва 5 000 сомонӣ тақдим намуд.

Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки кӯшишҳои деҳқонони заҳматқарин барои беталаф ғундоштани ҳосили пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ бо суръати тоза ҷараён гирифта, онҳо соли ҷориро бо дастовардҳои баланд ҷамъбаст менамоянд.

"Қайд кардан зарур аст, ки деҳқонони ботаҷрибаи хоҷагиҳои деҳқонии "Элёр"-и ноҳияи Ашт, "Иҷоракор"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, "Озодҷон"-и ноҳияи Зафаробод, "Ҳоҷидеҳқонбой"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, "Гули шодӣ"-и ноҳияи Мастчоҳ, "Зарбдор"-и шаҳри Конибодом ва "Турдиқул ҳоҷӣ"-и ноҳияи Спитамен ва дар маҷмӯъ дар миқёси вилоят 3648 хоҷагии кишоварзӣ дар ин давра ба марраи мурод расида, собит намуданд, ки ташкили дурусти кор, саъю талош, риояи қоидаҳои агротехникии парвариш ва сари вақт сафарбаркунии қувваҳо гарави муваффақиятҳо мебошад.

Ҳукумати Суғд зикр намудааст, ки пахтакорони вилоят азм доранд, ки соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ наздик 130 ҳазор тон пахта истеҳсол намоянд. То имрӯз бошад наздик 100 ҳазор тонна "тиллои сафед" ба хирман рехта шудааст.

46
Барчаспҳо:
озмун, пахта, Тоҷикистон