Здание парламента Таджикистана, архивное фото

Маҷлиси ғайринавбатӣ: баррасии ду масъалаи муҳим дар Маҷлиси миллӣ

950
(Таҷдидшуда 10:05 24.01.2020)
Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон Маҷлиси ғайринавбатӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Имрӯз, соати 16:00, дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад.

Дар ин бора сомонаи расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

“Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 январи соли 2020 аз соати 8:00 то соати 15:00 дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи сеюм, утоқи кори шуъбаи ташкилӣ ба қайд гирифта мешаванд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки дирӯз фармони раисҷумҳури кишвар дар бораи даъват намудани иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум ба тасвиб расида буд.

Раисиҷумҳур ба Маҷлиси миллӣ ду масъаларо пешниҳод кардааст, ки яке марбути таъиноти додситони кулли Тоҷикистон ва дигаре аз моликияти истисноии давлат хориҷ кардани нерӯгоҳи "Роғун" ва корхонаи алюминиюм "Талко" мебошад.

Масъалаи якум дар бораи додани ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озод ва таъин намудани Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, омадааст дар фармон.

Масъалаи дуюм тағйирот ба қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” мебошад. Бар асоси тағйирот ба қонуни мазкур Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” аз феҳристи иншооте, ки хусусигардонияшон мамнуъ буд, хориҷ карда шуданд. 

950
Барчаспҳо:
масъала, ғайринавбатӣ, маҷлис, Маҷлиси Олӣ, Маҷлис, Тоҷикистон
ДТП, архивное фото

Боз як садамаи марговар: пиёдагарди 38-сола зери чархи “Фолсваген-Пасат” ба ҳалокат расид

42
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон боз аз як садамаи маргбор, ки дар ҳудуди деҳаи Ҳоҷиёни ҷамоати деҳоти М.Турсунзода рух додааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон садамаи маргбор санаи 1-уми июни соли равон, тахминан соати 23:40 рух додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Фолсваген-Пасат”, Ибрагимов Умедҷон Маҳмуродович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Зайнабобод, ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан дар ҳудуди деҳаи Ҳоҷиёни ҷамоати деҳоти М.Турсунзода, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдуалимов Зоир Тоирович, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппа-ро пахш намудааст. 

Манбаъ қайд кардааст, дар натиҷа Абдуалимов З.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз руи ин ҳодиса таҳқиқотро идома дорад.

Чанде пеш, Ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус RX-350”, Мухторов Шараф Насриддинович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Рашт”, воқеъ дар деҳаи Бӯстон, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Кучкинов Нуриддин Худойбердиевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Қубодиёнро пахш намуд

Дар натиҷа, Кучкинов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

42
Барчаспҳо:
пахш, пиёдагард, Турсунзода, деҳа, садама, вазорати умури дохила, Тоҷикистон
Граница между Кыргызстаном и Казахстаном

ВУХ: 237 шаҳрванди дармонда дар марзи Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Ватан баргаштанд

74
(Таҷдидшуда 10:46 03.06.2020)
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълон кард, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сарҳади давлатии Қазоқистон ва Ӯзбекистон дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, шоми 2 июни соли равон 237 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи “Жибек Жоли”-и миёни сарҳади давлатии Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон  ба мақомоти Ӯзбекистон барои мусоидати фаврӣ дар ташкили долони бетамоси транзитии мустақим дар қаламрави он кишвар барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор медорад.

Ҳамзамон Вазорати умури хориҷа ба мақомоти Қазоқистон барои таъмини шароит барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади убури бемамониати сарҳад сипоси беандоза баён кардааст.

Парвози вижаи "Уралские авиалинии" 50 шаҳрванди Тоҷикистонро ба Ватан бурд

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш бо парвози махсус аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан 50 кнафар, ки дар паи банд шудани марзҳо дар кишвар дар монданд, ба ватан бозгардонида шуданд.

Ҳамин тариқ, аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия аз марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии он кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафар доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

74
Барчаспҳо:
марз, Ватан, баргардонӣ, Ӯзбекистон, Қазоқистон, сарҳад, Тоҷикистон