ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар як санади интишоршуда аз ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки бино бар авҷгирии бемории короновирус аз ташкили саёҳати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Чин худдорӣ намоянд.
Дар санади мазкур гуфта шудааст, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як қатор музофотҳои Чин, ҳамчунин дар Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Тайланд хуруҷи бемории Короновирус ба қайд гирифта шудааст.
“Аз ин лиҳоз хоҳишмандем, ки то муътадил гардидани вазъият аз ташкили саёҳати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Чин худдорӣ намоед”, - хоҳиш намудааст Кумиатаи аз ширкатҳои сайёҳӣ.
Вазорат ба кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон тавсия додааст, ки аз анҷом додани саёҳат ба Чин то ба муътадил гардидани вазъият дар ин кишвар маҳдудият ҷорӣ намояд.
Инчунин, Вазорати тандурустии кишвар ба Кумитаи сайёҳӣ пешниҳод намудааст, ки бо мақсади пешгирӣ ва интиқоли Коронавирус ба ҷумҳурӣ сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ки аз Чин ба Тоҷикистон ворид мегарданд ба қайд гирифта шаванд ва ному насаб ва суроғаву маҳали буду боши онҳо барои назорати минбаъда ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод шаванд.
Ёдрас мешавем, ки Аз Тоҷикистон ба Чин ҳафтае се маротиба парвозҳо анҷом дода мешаванд.
Охирҳои моҳи декабр мақомоти чинӣ аз пайдо шудани вируси нав дар шаҳри Ухани ҷумҳурӣ хабар доданд.
Феълан, 218 ҳолати гирифторӣ ба ин вирус ба қайд грифта шудааст. Дар пайи олудашавӣ чор нафар ҳалок шудаанд. Ҳолатҳои гирифторшавӣ ба коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Таиланд ба қайд гирифта шудааст.
ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Ин ниҳод бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар гуфтааст, ки то 29 январи соли равон ҳавои сард дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ боқӣ мемонад.
Ба иттилои манбаъ, дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарии ВМКБ ҳаво шабона -16-21 дараҷа, дар шарқи ВМКБ - 36-41 дараҷа, дар Булонкул - 51-53 сард мешавад.
Бо сабаби идомаи ҳавои сард, дар аксари минтақаҳои кишвар яхбандӣ боқӣ мондааст, мегӯяд, манбаъ.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади пешгирии садамаҳо ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми гаштугузор сару либоси мавсимӣ ба бар дошта бошанд, то худро аз бемориҳои сармохӯрдагӣ ҳифозат карда тавонанд.
Ба ронандагон тавсия медиҳад, ки суръати ҳаракати мошинҳоро боло набаранд, аз ҳар гуна сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Таркиши чойхона дар хиёбони Рӯдакӣ: 12 нафар ба бемористон интиқол ёфт
КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатрии сӯхторро ҷиддан риоя карда, дастгоҳҳои барқиро беназорат нагузоред, ва ҳама асбобҳои гармидиҳиро дар ҳолати хуб нигоҳ доранд, то боиси ҳодисаи ногуфоре нагардад.
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон талаб кард, ки талафоти барқ кам карда шавад.
Роҳбари давлат ёдрас шуд, ки ҳукумати кишвар барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ то ҳол кӯшиш мекунад.
Барои амалӣ шудани ин ҳадаф кишвар нақша дорад ояндаи наздик чанд нерӯгоҳ ифтитоҳ шавад.
Бо вуҷуди ин,-изҳор дошт президент,-дар самти таъмини доимиву устувори неруи барқ ҳанӯз як силсила масъалаҳои муҳими ҳалталаб вуҷуд доранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ аз ҷумлаи ҳамин масъалаҳо мебошад.
Вай таъкид кард, ки Вазорати энергетика вазифадор мешаванд, ки барқи истеҳсолшавандаро ҳисоб карда, талафоти онро кам кунанд.
Ба гуфтиа президент, имсол сохтмони хатти интиқоли барқи 500 – киловолта аз Неругоҳи барқи обии "Роғун" то зеристгоҳи конвертории "Сангтӯда шурӯъ гардида, Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид ва бо иқтидори 270 мегаватт- яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд ба истифода супорида шуд.
Лимити барқ нархи ангишт ва ҳезуму таппакро боло бурд
"Корҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд", - таъкид дошт раисҷумҳур.