Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе

Таъини вазирони нави фарҳанг, иқтисод, маориф, ёрдамчии Раҳмон ва раиси Кумитаи телевизион

13768
(Таҷдидшуда 19:20 26.01.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон Маҳмадюсуф Имомзодаро, ки то ҳол ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, вазири маориф ва илм таъин кардааст

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Нуриддин Саид, ки то ҳол мақоми вазири маорифи Тоҷикистонро ба уҳда дошт, раиси Кумитаи радио ва телевизион таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Маҳмадсаид Шоҳиёнро иваз кард. Шоҳиён, ки ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон мебошад, ба мақоми роҳбари муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" таъин шудааст.

Генерал-майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ бо либоси низомӣ
акс аз саҳифаи фейсбукии Иқбол Илёсзода

Як манбаъ дар вазорати маорифи Тоҷикистон бо таъйиди таъиноти нав ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сарвазир Қоҳир Расулзода вазири нави маорифро муаррифӣ кард.

Инчунин Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки ахиран вазири сол эълон шуд, аз мақом барканор ва ба ҷои ӯ Зулфия Давлатзода таъин гардидааст. Зулфия Давлатзода қаблан дар мақоми муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила кор кардааст. Гуфта мешавад, ки Орумбекзода ба нафақа гусел карда шуд, аммо расман ин иттилоъ то ҳол тасдиқ нагардидааст.

Вазири дастрас: Шамсиддин Орумбекзода вазири сол эълом шуд - видео

Инчунин Завқӣ Завқизода, ки то ҳол муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон буд, Неъматулло Ҳикматуллозодаро дар мақоми вазири рушди иқтисод ва савдо иваз кардааст. Гуфта мешавад, Ҳикматуллозода ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили иқтисодӣ таъин гардидаст.

Аҳтам Абдуллозода, ки то ҳол раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон буд, мақоми муовини аввали роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон гирифтааст.

Расман фармони таъиноти барканориҳои ахир ҳанӯз дар сомонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон нашр нагардидаанд.

Тафсилоти бештари тағйироти кадрӣ ба зудӣ дар ин саҳифа нашр мешавад.

 

13768
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (85)