Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото

Ҳукми қатл: Прокурори генералии Тоҷикистон аз фикраш намегардад

3733
(Таҷдидшуда 18:48 28.01.2020)
Дар маҳбасҳои Тоҷикистон беш аз 100 нафарро такроран ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида, ҷазо додаанд, ки ҳамагӣ дар гузашта бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои террористӣ зиндонӣ шудаанд

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, ин нуктаро дар посух суоли “оё Тоҷикистон тавқиф ё мораторий ба ҳукми қатлро бекор хоҳад кард?” баён дошта, афзуд, ин фақат афроде ҳастанд, ки дар зиндонҳо қарор доранд, аммо дар ҳамон ҷо низ даст ба ҷиноят мезананд.

“Онҳо ислоҳнашавандаанд. Ислоҳнашавандаанд. Мо такроран онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашем, аммо ҳадди аксар фақат метавонем ба мӯҳлати онҳо 2 ё 3 сол изофа кунем. Аммо онҳо боз ҷиноят мекунанд”, - гуфт Прокурори генералӣ.

Юсуф Раҳмон гуфт, бо вуҷуди ҳангомаҳо сари бекор кардани тавқиф ё мораторийи ҳукми қатл ӯ аз мавқеи худаш даст намекашад.

Прокурори генералӣ аз мавқеи худ дақиқ нагуфт, аммо соли 2016 ӯ дар баробари пешниҳодҳои ҷомиаи шаҳрвандӣ ва шабкаҳои иҷтимоӣ дар бораи бекор кардани тавқифи ҳукми қатл гуфта буд, ки ин ҳукм бояд дар баробари шахсони дастдошта дар ҷиноятҳои вазнину бераҳмона, аз ҷумла террористон, хоинони ватан ва касоне, ки талоши табадуллоти давлатӣ кардаанд, бояд ба таври васеъ истифода шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз 30 апрели соли 2004 дар паёми худ ба Маҷлиси олии кишвараш пешниҳод карда буд, ки ба ҳукми қатл дар кишвар мораторий эълон шавад.

Парлумони Тоҷикистон ин пешниҳодро моҳи июни ҳамон сол пазируфт ва ҳукми қатл дар Тоҷикистон бемӯҳлат тавқиф шуд.

3733
Барчаспҳо:
қатл, ҳукм, ҳукми қатл, ҷонибдорӣ, нишасти матбуотӣ, Прокурори генералӣ, прокурор, Тоҷикистон
Рустам Латифзода, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон

Аввалин номзад ба президентии Тоҷикистон маълум шуд

530
Ҳизби аграрии Тоҷикистон номзади худро ба интихоботи президентӣ пешниҳод кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Рустам Латифзода, раиси ҳизби аграрии кишвар аввалин номзад ба президентии Тоҷикистон эълон шуд.

Зайниддин Сафаров, муовини раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон ва намояндаи Маҷлиси намояндагон дар анҷумани ғайринавбатии ҳизб номзадии Рустам Латифзода, раиси ин ҳизбро пешниҳод кард

Гуфта мешавад, ӯ бидуни алтернатива ва рақиб танҳо худашро пешниҳод ва бо як овоз дастгирӣ пайдо кард.

Ҳамин тавр Ҳизби аграрии Тоҷикистон номзади худро ба интихоботи президентӣ пешниход кард.

Рустам Латифзода - аввалин номзад ба президентии Точикистон дониста мешавад.

Дар ҳоли ҳозир, дигар ҳизбҳо сиёсии Тоҷикистон номзади худро барои курсии президенти Тоҷикистон пешниҳод накардаанд.

530
Барчаспҳо:
ҳизб, президент, номзад, интихобот, Тоҷикистон
Похороны в Таджикистане, архивное фото

Намозҳои ҷаноза хатар доранд?: мақомоти Суғд аз сокинон хост дар намозҳо эҳтиёт намоянд

50
(Таҷдидшуда 01:49 15.08.2020)
Мақомоти шаҳри Хуҷанд барои пешгирӣ аз бемории коронавирус “Covid-19” бо имомхатибон ва ходимони дини шаҳр мулоқот анҷом дода, дар он таъкид доштанд, ки ҳангоми адои намозҳои ҷаноза эҳтиёт ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дар ҷаласа Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус “Covid-19” бо мақсади ҷилавгирӣ аз мавҷи дуюми ин вирус бо имомхатибон ва ходимони дини шаҳр таъкид шудааст, ки мутаассифона вақтҳои охир ҳангоми адо намудани намози ҷаноза талаботи дастурамали “Тартиби дафни бандаи муъмин”, ки аз ҷониби Маркази исломии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидааст, сарфи назар карда мешавад.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар додааст.

Ба гуфтаи мақомоти шаҳри Хуҷанд намозҳои ҷаноза мисли пештара бо шумораи зиёди одамон, бе риояи қоидаҳои беҳдошт, бидуни пӯшидани ниқоби муҳофизатӣ ва масофагирии ҷисмонӣ анҷом дода мешаванд.

Гуфта шудааст, ки ин ҳолат хатари воқеии сироят ба бемории COVID-19-ро дучанду даҳчанд менамояд. Бо иштирок дар чунин ибодатҳо ҳар кас худ, хешу табор ва атрофиёнро зери хатари ҷиддии сироятёбӣ қарор медиҳад, ки чунин рафтор аз лиҳози дини ислом, хусусан мазҳаби ҳанафӣ қатъиян маҳкум мегардад. Аз чунин амали хатарзо ягон гуна савоб ҳосил намешавад, балки ин гуна ашхос муртакиби гуноҳ мегарданд.

Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, раиси Шўрои уламои дини вилоят, сархатиби Масҷиди Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд дар ин ҷаласа аз ҷумла афзуд, ки зимни мулоқот бо мардум ҷиҳати эмин нигоҳ доштани мардум аз сирояти бемории COVID-19 қотеона тақозо менамоем, ки намозҳои ҷаноза бо иштироки шумораи камтарини хешу таборони наздики майит, бо риояи қатъии дастурамали “Тартиби дафни бандаи муъмин” анҷом дода шавад.

“Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи 2 метр аз тобут дуртар меистад. Имом ва намозхонон бояд масофаро риоя намуда, ҳатман ниқоб пӯшанд. Намозҳои ҷаноза танҳо аз ҷониби мутасаддиён – имомхатибон, имомони масҷидҳои панҷвақта ва шахсоне, ки ба ин кор муваззаф шудаанд, хонда мешаванд”, гуфт Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода.

Дар ҳамин ҳол вай зикр кард, ки Таҳмина Усмонова, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд афзуд, ки ягона роҳи асосии сироят наёфтан ба бемории короновирус эҳтиёткориро пеша намудан аст. Зеро, омили асосии паҳн гаштани ин беморӣ дар миёни ҷомеа сироятёбӣ аз шахси мубталои беморӣ ба инсони солим мебошад.

Тахмина Усмонова изҳори нигаронӣ намуд, ки мутаассифона, айни ҳол на ҳама сокинони шаҳр чунин талаботи ҳатмиро риоя мекунанд.

“Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо аксар вақт дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам ҳолати бениқоб гаштугузор кардани шаҳрвандон ва риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ ба назар мерасад, ки аз беэҳтиётӣ ва нописандӣ дарак медиҳад. Ҳолатҳои бениқоб равуо намудани мардум бе риояи фосилаи муқарраргардида дар кӯчаву хиёбон, бозорҳо, назди банкоматҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ бештар мушоҳида мешавад”, гуфт ӯ.

50
Барчаспҳо:
эҳтиёт, ходимони дин, хатар, ҷаноза, мақомот, Тоҷикистон