Вазъи саломатӣ беҳбудӣ ёфт: Бенямини Илҳом ба хонааш ҷавоб мешавад

© © Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРахмон поможет вылечить 10-летнего школьника из Таджикистана
Рахмон поможет вылечить 10-летнего школьника из Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бенямин, кӯдаки даҳсолае, ки пас аз нашри навори сӯҳбаташ бо Эмомалӣ Раҳмон расонаӣ гашт, аз иллати рӯда азият мекашид, имрӯзҳо дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” табобат мегирад

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik.  Пизишкон имрӯз вазъи саломатии Бенямини Илҳомро қаноатбахш медонанд ва ӯ ҳоло дар ҳолати шифоёбӣ қарор дорад, иттилоъ додааст хабаргузории АМИТ “Ховар” дар истинод ба мудири шуъбаи гастроэнтерологияи кӯдаконаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” Зокирҷон Шарипов.

Бенямин Ильхом, мальчик которого поддержал Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Ногаҳонӣ шуд: суҳбати Бениамин аз ашкрезӣ назди Президенту хандааш аз беморхона-видео

Шарипов таъкид намудааст, ки пас аз ташхису табобат ва беҳбудӣ ёфтани Бенямин маълум гардид, ки барои табобати ӯ ба хориҷи кишвар рафтан шарт нест ва бемории Беняминро метавон дар Тоҷикистон табобат кард.

Вай қайд намудааст, ки ҳоло пизишкон Фарида Бердиева ва Зокирҷон Шарипов табобати ӯро ба уҳда доранду  аз вазъи саломатии ӯ шабонарӯзӣ бохабар мешаванд.

Зокирҷон Шарипов ҳамчунин иброз доштааст, ки пас аз чанд рӯзи дигари табобат Беняминро аз беморхона ба хонаашон ҷавоб медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки 15 январи соли равон дар маросими ифтитоҳи бинои нави мактаби №65 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон пас аз суҳбат бо Бенямини Илҳом ва огоҳ шудан аз бемории ӯ ба масъулин супориш дода буд, ки ҳамаи имкониятҳоро дарёфта, табобати кӯдаки маризро ройгон ба роҳ монанд.

Лентаи хабарҳо
0