Сохтмони хона, акс аз бойгонӣ

Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ: дар хонасозӣ монополия нест, нархҳо арзон шудаанд

633
(Таҷдидшуда 14:39 29.01.2020)
Абдулмаҷид Муминзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, мегӯяд, дар бозори хона монополия нест ва нархҳо дар ин бозор тайи солҳои охир поин рафтааст

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Муминзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки феълан як метри мураббаи манзилро дар маркази шаҳри Душанбе метавон бо нархи 450 доллар пайдо кард. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ солҳои қабл нархи як метри мураббаи хона то 1200 – 1500 доллари амрикоиро ташкил медод.

“Имрӯз дар маркази шаҳр 450 доллар ва дар гирду атроф то 350 доллар сари ҳар метри мураббаъ пайдо кардан имкон дорад”, - изҳор дошт раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Ӯ вуҷуди монополияро дар бозори сохтмони хонаҳо рад карда, таъкид намуд, ки ба далели ироаи сабукиҳои андозӣ ширкатҳои зиёд ба ин бахш таваҷҷуҳ доранд.

Ба иттилои раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ, андоз аз арзиши иловашуда, ки дар бахшҳои дигар 18 дарсадро ташкил медиҳад, аммо барои бахши сохтмонӣ 5 дарсад муайян шудаст. Муминзода таъкид намуд, ки назорати иҷрои уҳдадориҳои ширкатҳои сохтмонӣ дар назди мизоҷонро, ки вақтҳои охир баҳсбарангез шудаанд, таҳким мебахшанд.

Газ дар хунукӣ қимату дар гармӣ арзон: санҷиши “Газпром” дар Тоҷикистон

Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ афзуд, дар маҷмуъ изҳор дошт, ки нархи хона ҳам ба арзиши маҳсулоти воридотӣ вобастагӣ дорад. Ӯ гуфт, феълан агар ду намуди маҳсулоти сохтмонӣ дар кишвар тавлид шавад, боқимонда воридотиянд ва бо мурури таъмини маҳсулоти худӣ, ба нархи хонаҳо низ таъсир хоҳад кард.

633
Барчаспҳо:
болоравӣ, хона, нарх, Тоҷикистон