Центр по профилактике и борьбе со СПИДом

Вазорати нақлиёт чиниҳоро дар Тоҷикистон рӯйхат мекунаду зери назорат мегирад

424
Вазири нақлиёти Тоҷикистон эълон намудааст, ки дар қаламрави кишвар ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистону Чин, ки дар корхонаву ва ширкатҳои муштарак дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд ба рӯйхат гирифта, аз ташхиси тиббӣ гузаронида мешаванд

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Худоёр Ходоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз зимни нишаст матбуотӣ  гуфт, масъулини вазорат ба тамоми ноҳияҳо ва корхонаҳое, ки Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Чин корбарӣ мекунад, мактубҳои дахлдор дар ин бора ирсол намудааст.

Вай афзуд, ки тибқи дастури вазорати тандурустӣ барои пешгири аз “Вируси тоҷдор”дар баробари ташхиси шаҳрвандони Чин сокинони Тоҷикистон низ аз ташкхис гузаронида мешаванд.

“Ҳоло вазорат ба корхонаву ширкатҳои дахлдор барои ба рӯйхат гирифтани шаҳрвандони Чин ва ташхиси онҳо мактубҳои дахлдор равон намудааст”, - гуфт Худоёрзода.

Дар ҳамин ҳол, бино бар иттилои Суҳроб Мирзозода, муовини якуми вазири нақлиёт дирӯз дар вазорати тандурустӣ маҷлиси васеъ бахшида ба пешгири аз “вируси тоҷдор” баргузор гардид. Вазорати тандурусти барои пешгирӣ ва паҳннашавии ин вирус  ситоди калон таъсис додааст.

Мирзозода афзуд, он нафароне, ки дар соҳаи нақлиёт фаъолият мекунан ҳатман ба рӯйхат гирифта мешаванд ва дар рӯзҳои наздик ин рӯйхат  ба вазорати тандурустӣ равон карда мешавад.

“Шаҳрвандони Чин, ки дар қаламрави Тоҷикистон кор мекунанду, ҳоло ба  кишварашон барои таҷлили соли нави чинӣ сафар кардаанд, ҳангоми  бозгашт ба Тоҷикистон онҳо ҳатман аз ташхис гузаронида хоҳанд шуд. Мо ҳозир рӯйхати алоҳида тартиб медиҳем, ва вақте, ки ба Тоҷикистон онҳо дохил мешаванд, алакай дар фурудгоҳ зери назорати пизишкон гирифта мешаванд ва аз ташхис низ гузаронида  хоҳанд шуд”, - гуфт Мирзозода.

Инчунин вай зикр кард, ки дар Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ 1496 нафар кор мекунанд, аз ин 266 нафараш шаҳрвандони Чин мебошанд.

То 5 феврал тамоми парвозу рафту омад бо кишвари Чин маҳдуд шудааст,уемдворем бо беҳбуд шудани вазъ пас аз 5 феврал иртибот ҳавои ва нақлиётӣ барқарор мешавад.

Суҳроб Мирзозода афзуд, дар ҳоли ҳозир, дар инфрасохторҳои вазорати нақлиёт, яъне дар корҳои сохтмону таҷдиде, ки рафта истодааст, шаҳрвандони чинӣ аз 18 то 20 дарсадро ташкил медиҳанд .

Ёдрас мешавем, ки ахиран бо супориши бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Сарвазири кишвар Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ вобаста ба андешидани тадбирҳои иловагӣ бар зидди бемории “коронавирус”, ки дар Чин ба қайд гирифта шудааст, баргузор гардид

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳуқукумати Тоҷикистон супориши қатъӣ додааст, ки пешгирии бемории “вируси тоҷдор” дар ҷумҳурӣ зери назорат гирифта шавад.

424
Барчаспҳо:
тиббӣ, Чин, вирус, рӯйхат, фаъолият, назорат, нақлиёт, вазорати нақлиёт, Тоҷикистон