Подпись документа, архивное фото

Ҷопон ба Маркази тиббии "Шифобахш" таҷҳизот мехарад

171
(Таҷдидшуда 17:48 02.02.2020)
Дар ин бора рӯзи 1 феврал, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин ва сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита ёддошт имзо намудаанд

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшитаро ба ҳузур пазируфтааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, дар бораи мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифтааст.

"Дар анҷоми мулоқот маросими мубодилаи ёддошт байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон роҷеъ ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» баргузор гардид", - омадааст дар хабарнома.

Ёддоштҳои табодулиро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин ва сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита имзо намудаанд.

171
Барчаспҳо:
мулоқот, мулоқот, Ҷопон, Тоҷикистон
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото

Нигаронии Тоҷикистон аз даргириҳои шадид дар Қарабоғи Кӯҳӣ: даъват ба оташбас кард

33
(Таҷдидшуда 18:22 28.09.2020)
Тоҷикистонро низ вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ бетараф нагузошт. Ҳукумати кишвар дар робита ба даргириҳои шадиди миёни Озарбойҷону Арманистон амиқан изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ изҳороти расмӣ нашр намуд.

Дар изҳороте, ки торномаи ВУХ нашр намудааст, гуфта мешавад, ки Тоҷикистон аз задухӯрди низомӣ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Арманистон амиқан изҳори нигаронӣ менамояд.

"Аз ҷонибҳо бо исрор даъват мекунем, ки барои қатъи амалиёти ҳарбӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Бар онем, ки ҳалли низоъ дар Кӯҳистони Қаробоғ танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ имконпазир аст", - таъкид мешавад дар хабари вазорат.

Зимнан, Тоҷикистон аҳамияти истисноии ҳалли мусолиматомези ихтилофоти мавҷударо дар чаҳорчӯби меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ таъкид менамояд.

Даргириҳои шадид дар Қарабоғи Кӯҳӣ: даҳҳо нафар аз ду ҷониб куштаву захмӣ шуданд - акс

Ёдовар мешавем, субҳи рӯзи якшанбе, вазорати дифоъи Озарбойҷон эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон ба маҳалҳои аҳолинишини хатти тамос дар Қарабоғ тирандозӣ кардаанд.

Ҳарду ҷониб якдигарро дар шиддат гирифтани мухолифат муттаҳам карданд. Ин даргирӣ миёни аҳолии осоишта низ маҷруҳ ва ҳалокшудаҳо барҷой гузошт.

33
Барчаспҳо:
даргирӣ, Қарабоғи Кӯҳӣ, изҳорот, Тоҷикистон
Глава ЦИК Бахтиёр Худоёрзода огласил результаты парламентских выборов

Бахтиёр Худоёрзода ба нозирон САҲА аз омодагиҳои интихоботӣ маълумоти пурра дод

29
(Таҷдидшуда 16:41 28.09.2020)
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бо нозирони байналмилалӣ интихоботи қарибулвуқуи президентиро, баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бино бар иттилои КМИР,  имрӯз Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба арзёбии интихобот таҳти роҳбари Ивилина Алексиева-Робинсон, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, дидору гуфтугӯ кард.

Манбаъ таъкид доштааст, ки раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон оид ба фаъолияти ошкорои Комиссия вобаста ба тайёрӣ ва баргузор намудани интихоботи Президенти Тоҷикистон ба ҳайати мушоҳидон иттилоъ дод.

Гуфта шудааст, ки зимни суҳбат ҷиҳати шаффоф ва демократӣ гузаронидани интихоботи дарпешистода Комиссия дар самти фаъолгардонии электорат, пешбурди корҳои иттилоотию машваратӣ, истифодаи платформаҳои нави иттилоотӣ дар ин раванд, ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои мушаххас ба анҷом расонидааст.

Инчунин таъкид шудааст, ки КМИР Тоҷикистон ҳамзамон барои ҷалби назарраси занон дар ҳайати комиссияҳои интихоботӣ, волонтёрон, риояи чораҳо вобаста ба пешгирии паҳншавии пандемияи KOVID – 19 дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ дар рӯзи интихобот, омодагии комиссияҳои интихоботӣ ба баргузории интихобот ва дигар масъалаҳои вобаста ба интихоботи Президенти Тоҷикистон корҳои мушаххас анҷом додааст.

29
Барчаспҳо:
САҲА, Интихоботи президентӣ, нозирон, раъйпурсӣ, интихобот, Тоҷикистон
Скорая помощь в Афганистане, архивное фото

Таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 4 кушта барҷой гузошт

14
(Таҷдидшуда 18:55 28.09.2020)
Музофоти Қундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, минаи сарироҳӣ инфиҷор шудааст. Дар натиҷа чанд кас бар асари таркиш ҷон бохтанд

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бар асари таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дасти кам 4 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад шабакаи Shamshad News.

Ба иттилои манбаъ, таркиш дар вулусволии Алиобод дар музофоти Қундуз, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рух додааст.

Бар хабари маълумоти расмӣ, минаи сарироҳӣ асное ба кор даромад, ки воситаи нақлиёт убур кард. Ба эҳтимоли зиёд, минаро Ҷангиёни ҳаракати Толибон гузошта буданд.

Ҳушдори гурӯҳи Толибон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон

Пизишкон фавти чаҳор нафаро расман тасдиқ намуданд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар аз ҳалокати 6 нафар хабар доданд.

Алъон ҷангиёни Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтанд.

14
Барчаспҳо:
мина, таркиш, Афғонистон