Донишҷӯён, тоҷирон ва кормандони чинӣ: 300 кас дар Тоҷикистон дар карантин

© AFP 2023 / STRCотрудники, проводящие дезинфекцию на северном железнодорожном вокзале Интан в Наньчане
Cотрудники, проводящие дезинфекцию на северном железнодорожном вокзале Интан в Наньчане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар беморхонаҳои сироятии шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб 301 кас дар карантин қарор доранд

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. 301 нафаре, ки аз миёнаҳои моҳи январ то имрӯз аз Чин ба Тоҷикистон омадаанд, дар беморхонаҳои сироятии кишвар бистарӣ гардида, таҳти назорати бевоситаи табибон қарор доранд.

Дар ин бора, Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба гузориши ин ниҳод, нафарони бистаришуда асосан донишҷӯён, тоҷирон ва кормандони ширкатҳои чинӣ мебошанд.

"Ин нафарон дар беморхонаҳои сироятии шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи пойтахт давоми 14 рӯз бистарӣ гардида, дар ин муддат бо касе дар иртибот нахоҳанд  шуд ва  дар ҳолати ошкор гардидани коронавирус шахси сироятёфта ба ҳуҷраҳои махсус интиқол дода хоҳад шуд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ ҳамчунин сару садоҳо дар мавриди сироят будани бистаришудагон бо коронавирусро бепоя хонда мегӯяд, шахсони аз Чин ба Тоҷикистон воридшуда, танҳо бо мақсади пешгирии сирояти эҳтимолии коронавирус дар кишвар дар беморхонаҳо нигоҳдорӣ мешаванд.

Закрытые магазины в Ухане, Китай - Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, донишҷӯёни тоҷик дар Ухан чӣ ҳол доранд

Вазорати тандурустӣ ҳамчунин ба самъи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки то кунун сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

Муҳим: тавсияҳои ТУТ барои гирифтор нашудан ба "коронавирус"

Танҳо чораҳои пешгирии ин вирус роҳандозӣ карда шуда истодааст.

Манбаъ афзуда, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати ошкор ва пешгирии сирояти коронавирус дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат корҳои назоратиро пурзӯр намуда, корҳои омодагӣ ва пешгирикунанда дар ин самт идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0