Самолет авиакомпании Mahan Air , архивное фото

Теҳрон парвозҳояшро ба самти Душанбе ва Бишкек барқарор кард

363
(Таҷдидшуда 01:12 04.02.2020)
Парвози Теҳрон - Душанбе - Бишкек, имрӯз (3 феврал) аз Теҳрон ба шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва Бишкек, пойтахти Қирғизистон барқарор шуд

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Бино бар эъломи пойгоҳи иттилоърасонии сафорати Эрон дар Тоҷикистон, бо пайгириҳои анҷом шуда, ин парвоз ба манзури рифоҳи ҳоли атбои се кишвар ва сафари гардишгарон ва муҷаввизи созмонҳои ҳавопаймоии кишварҳои мазкур, барқарор шудааст.

Тибқи барнома, замони ин парвоз, рӯзҳои душанбе ҳар ҳафта соати 4 субҳ аз фурудгоҳи байналмилалии имом Хумайнӣ(раҳ) ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва баргашти он дар соати 9:30 субҳ (ба вақт маҳаллӣ)-и ҳамон рӯз аз фурудгоҳи Душанбе ва соат 13(ба вақти маҳаллӣ) аз фурудгоҳи байналмилалии Бишкек хоҳад буд.

Бино бар эъломи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз хурдодмоҳи соли ҷорӣ парвози мустақими Машҳад - Душанбе барқарор шудааст, ки бо тавсеаи равобит, афзоиши теъдоди мусофирон, мувофиқати созмонҳои ҳавопаймоии ду кишвар ва бо баҳр гирии бештар аз зарфияти ширкатҳои ҳавопаймоии эронӣ ва тоҷикӣ,теъдоди парвозҳои мустақим байни ду кишвар, дар оянда афзоиш ёбад.

363
Барчаспҳо:
пойтахт, барқароршавӣ, парвоз, Бишкек, Душанбе, Теҳрон, Тоҷикистон
Выборы в Таджикистане

Вазорат: дар 24 соати гузашта марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

75
(Таҷдидшуда 20:02 23.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 23 ноябр 11 ҳазору 932 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 312 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

75
Барчаспҳо:
вазоратхона, марг, ҷумҳурӣ, фавт, вируси корона, Тоҷикистон
Молния, архивное фото

Мудири ҳавошиносони Тоҷикистон гуфт, хизматрасониҳо беҳтар мешаванд

133
(Таҷдидшуда 19:55 23.11.2020)
Диловар Дӯстзода, мудири Ожонси обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, хизматрасонии ин ниҳод беҳтар карда хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Дӯстзода зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, вазъи феълии байналмилалӣ ва тағйироти иқлимии сайёра зарурати ба роҳ мондани хизматрасониҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯйро ба миён овардааст.

“Бо дарназардошти ҳолати пешомада хизматрасониҳои навро таҳия намуда, ба ҷонибҳои ҳавасманд пешниҳод менамоем. Зимнан, Ҳукумати мамлакат ба рушди Агентии обуҳавошиносӣ таваҷҷуҳ намуда, сохторҳои марбутаи онро бо таҷҳизоти наву замонавӣ мунтазам таъмин менамояд. Ин ҷиҳат моро водор месозад, ки вобаста ба пешгӯйӣ ва дастрасии маълумоти обуҳавошиносӣ чорабиниҳои заруриро дар сатҳу сифати баланд амалӣ намоем”, - иттилоъ дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли Дӯстзода.

Таъкид шудааст, ки дар ҷумҳурӣ гирифтани ҳосили баланди зироат, рушди чорводорӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ҳамкориҳои дуҷониба бо сохторҳои сайёҳии кишвар, пеш аз ҳама, ба маълумоти саҳеҳ ва саривақтии обу ҳаво марбут мебошад.

Зикр гардидааст, ки таъмини саривақтии маълумоти дақиқи обуҳавошиносӣ сокинонро  аз хавфу хатар сари вақт огоҳ месозад.

133