Шаҳрдории Душанбе барои бунёди "Боғи Истиқлол" пудратчӣ меҷӯяд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкАукцион. Архивное фото
Аукцион. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе барои интихоби пудратчии корҳои сохтмонӣ дар иншооти “Боғи Истиқлол” бо майдони “Истиқлол ва Озодӣ” миёни довталабони ватанию хориҷӣ озмун эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тибқи эълони шаҳрдорӣ, довталабон баробари асноди дигар бояд муҳлати иҷрои кор, харҷномаи иншооти аслӣ бо усули захиравӣ ва маълумотнома дар бораи корҳои иҷронамудаашон дар 5 соли охирро пешниҳод кунанд.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Президент дар маҷлис: Рустам Эмомалӣ бо ҷойи сохтмони мӯҳташамтарин боғ рафт

Маълумотнома оид ба мавҷудияти захираҳои моддӣ - техникӣ ва тахассуси кормандон, аз шартҳои дигари озмун мебошад.

“Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд, ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе дар суроғаи кӯчаи Н.Қарабоев - 24, ё бо телефонҳои 221-14-45 муроҷиат намоянд.Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то соати 17 - 00 - и санаи 17 - уми феврали соли 2020 ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе бо суроғаи кӯчаи Неъмат Қарабоев - 24, пешниҳод карда шавад”, - омадааст дар эълони шаҳрдорӣ.

Қаблан мақомот хабар доданд, ки ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳо ва ғайра иборат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи истироҳаташро дар "Боғи миллии Тоҷикистон " гузаронид

Баландии муҷассама 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоии он 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлолият ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани истиқлолиятро ифода менамояд.

Дар ҳудуди боғ зирк, сиёҳгилаи японӣ, ирғай, шамшоди ҳамешсабз, буттаҳои тобистонсабз, барфбуттамеваи сафед, ёсумани боғӣ, изғичи печон, бушол ва дигар намудани гулу бутта ва дарахтони нодир шинонида мешаванд.

Боғи "Истиқлолият" бо майдони маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлолият ва Озодӣ" дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0