Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото

Бехатариро риоя накарданд: ғарқшавии 141 нафар дар рӯдхонаҳои Тоҷикистон

67
(Таҷдидшуда 22:24 06.02.2020)
Соли 2019 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 680 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шуд. Аз шумораи умумии ҳолатҳои бақайдгирифташуда 46 ҳодиса ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари моддӣ ва маънавӣ расонид

 ДУШАНБЕ, 6фев - Sputnik. Дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ соли гузашта дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳои Тоҷикистон 141 нафар ғарқ шуданд.

Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Назарзода ба хабарнигорон иброз намуд.

Ба қавли Назарзода, ҳарчанд аз ҷониби кормандони Кумитаи мазкур  миёни аҳолӣ таблиғоти зиёд роҳандозӣ мешавад, боз ҳам, мутаассифона, дар иншооти обӣ одамон ба ҳалокат мерасанд.

Дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ соли гузашта дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳои мамлакат 141 нафар ғарқ шуданд, ки соли 2018 ин рақам ба 140 нафар баробар буд. Соли гузашта наҷотдиҳандагони Кумита 51 нафарро ҳангоми ғарқ шудан наҷот доданд.

Тибқи иттилои расмӣ, соли 2019 дар қаламрави Тоҷикистон  680 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 46 ҳодиса ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари моддӣ ва маънавӣ расондааст.

"Аз 46 офати табиӣ – 24 ҳодиса сел, 8 лағзиши тарма, 5 резиши санг, 2 шамоли сахт, 2 ярч, 1 раъду барқ, 1 болоравии сатҳи об дар рӯдхонаро ташкил медод", - гуфт раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Тибқи иттилои расмӣ, дар натиҷаи офатҳои табиӣ 22 сокини кишвар ба ҳалокат расида, ба фармони ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳолатҳои фавқулода ба ҳамаи 22 оилаи ҳалокшуда кӯмаки якбора ба маблағи 22 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

67
ДТП на дороге Душанбе-Куляб

Фоҷеаи Гулхумор дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб: бо мошин ба канал чаппа шуд

50
Дар натиҷа худи ронанда, Шункиева Гулхумор ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз фоҷеабор ҳалок шудани як зани ронанда Гулхумор Шукниева дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 20-уми октябри соли 2020, тахминан соати 18:20 рух додааст. 

Гуфта мешавад, "ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Ландкрузер", Шункиева Гулхумор Шункиевна, соли таваллудаш 1963, ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Кулоб”, дар 90,2-ум километр аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канали обгузар чаппа кардааст".

Дар натиҷа худи ронанда, Шункиева Г.Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири автомашинаи мазкур Исмоилова Тухтахон Айтақуловна, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Шарҳи ВКД дар бораи садамае, ки ҷони Диловари Зуҳуриёнро гирифт

Ҳамчунин бино бар иттилои ВКД, 20-21 октябр дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дастикам ду тани дигар ҳалок шуданд.

50

Пизишки олмонӣ барои табобати беморони коронавирус ба Тоҷикистон омад

74
(Таҷдидшуда 10:28 22.10.2020)
Иммануэл Лейфер иброз намуд, ки пас аз анҷоми давраи омӯзишӣ дар самти боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар ташхиси бемории COVID-19 кумак мерасонад

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озмоишгоҳи миллии референсии мамлакат мутахассиси лоиҳаи "Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ" Иммануэл Лейфер ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ омад.

Тавре  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  хабар медиҳад, мақсад аз ташрифи мутахассиси немис ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо мутахассисони озмоишгоҳҳои мамлакат, хусусан мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар самти ташхис ва табобати гирифторони бемории COVID-19 мебошад.

Иммануэл Лейфер иброз намуд, ки пас аз анҷоми давраи омӯзишӣ дар самти боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар ташхиси бемории COVID-19 кумак мерасонад.

Фавт нест, аммо 41 нафар тоза мубтало шуданд: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

Ҳамчунин мутахассиси лоиҳаи "Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ" Иммануэл Лейфер  бо худ 3 ҳазор тести ташхисӣ барои омӯзиш оварда, онро  дастраси Озмоишгоҳи миллии референсӣ гардонид.

Бояд гуфт, ки давраи омӯзишии мутахассиси лоиҳаи «Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ» Иммануэл Лейфер бо мутахассисони  Озмоишгоҳи миллии референсӣ то 2 ноябр идома меёбад.

74