Ҷашнҳои рӯзи 7 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 7 февраля
День 7 февраля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи ҳафтуми феврал дар Гренада Рӯзи истиқлолият ва дар Ҷумҳурии Тотористон Рӯзи парчам таҷлил мегардад

Рӯзи 7 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

ВАО хабар доданд, ки таҳиякунандагони чинӣ компютери пурқувваттарин ва дар айни ҳол хурдтарин дар ҷаҳон – "MeegoPad"-ро ба намоиш гузоштанд, ки он ба флешкартаи якчанд маротиба калонкардашуда монанд буд, дар ҳаҷм ба телефони дастӣ баробар буд.

День 5 февраля - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 5 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1792 ба шаҳрвандони ИМА ҳуқуқи дар Канада   ройгон гирифтани замин дода шуд.

Соли 1992  шартнома оид ба таъсиси Иттиҳоди Аврупо ба имзо расид.

Соли 2014  дар Сочи маросими оғози Бозиҳои XXII олимпии зимистона доир гардид (23 феврал ба итмом расид).

Соли 1863   дар ИМА аввалин оташнишон ихтироъ карда шуд.

Соли 1980 – аввалин маротиба ба рӯзноманигорони телевизион сабт намудани навор дар бинои Суди Олии Канада иҷозат дода шуд.

Рӯзи 7 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма" фармон ба имзо расониданд.

Соли 2014 дар шаҳри Сочии Русия  дар мулоқоти  Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Чехия Милош Земан масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлат баррасӣ гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 4 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба  ғолибон ва беҳтарин бозингарони чемпионати баргузоргардидаи  Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид.

Соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар бораи оғози расмии Лоиҳаи ислоҳоти идоракунии андоз дар Тоҷикистон эълон нашр гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 7 феврал

  • Дар Гренада — Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Ҷумҳурии Тотористон  — Рӯзи парчам.
Лентаи хабарҳо
0