Надпись в центре города Худжанд Я люблю Худжанд, архивное фото

Ҷопон дар Хуҷанд барои кӯдакони имконияташон маҳдуд маркази махсус месозад

82
(Таҷдидшуда 14:04 07.02.2020)
Созишномаҳои дахлдорро дар бораи сохтмони Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдудро дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки ва раиси шаҳри Хуҷанд ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ахиран дар қароргоҳи Cафири Ҷопон дар Тоҷикистон панҷ лоиҳаи созишномаи муштараки нави грантӣ ба маблағи умумии 370 ҳазор доллар ба имзо расиданд.

“Созишномаҳои мазкур аз ҷониби Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки ва намояндагони мақомоти пазирандаи кумакҳо ба тасвиб расиданд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) панҷ лоиҳаи зайл маблағгузорӣ мешаванд:

  • “Лоиҳаи сохтмони Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Хуҷанд” ба маблағи 88,515 доллар;
  • “Лоиҳаи барқарорсозии системаи хати обӣ дар ҷамоати Лоиқ Шералӣ”-и шаҳри Панҷакент ба маблағи 90,846 доллар;
  • “Лоиҳаи сохтмони бино барои шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона дар беморхонаи марказии ноҳияи Сангвор” бо маблағи 90,802 доллар;
  • “Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ барои беморхонаи сироятӣ дар шаҳри Душанбе” ба маблағи 89,820 доллар;
  • “Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизот барои Маркази хизматрасонии калонсолон ва маъюбон дар шаҳри Истаравшан” ба маблағи 10,052 доллар.

Дар маросими баимзорасии созишномаҳо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки зикр кард, ки лоиҳаҳои Барномаи Ҳукумати Ҷопон дар самтҳои мухталиф дар саросари ҷумҳурӣ амалӣ гашта, дар рушди устувори  Тоҷикистон саҳми назарраси худро мегузоранд.

Ҳамчунин вай қайд кард, ки лоиҳаҳои мазкур, бахусус, барои аҳолии минтақаҳои дурдаст шароити мусоид фароҳам меоранд.

82
Барчаспҳо:
кӯдакон, Хуҷанд, марказ, кумак, Ҷопон, Тоҷикистон
Дождь в Душанбе, архивное фото

Ҳушдори ҳавосанҷон аз якбора сард шудани ҳаво дар Тоҷикистон: шамолу тӯфон ва борони сахт

8
(Таҷдидшуда 17:49 26.09.2020)
Сар аз 28 то 30 - юми сентябр ҳаво дар Тоҷикистон ноустувор мешавад. Дар қисмати ҷанубии кишвар тӯфони пурчанг мешавад ва ҳамзамон шамоли сахт ва боронгарии зиёд хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз бад шудани ҳавои Тоҷикистон дар ҳафтаи оянда ҳушдор медиҳад.

Кумитаи мазкур бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносони кишвар хабар медиҳад, ки аз 28 то 30-уми сентябри соли равон коҳиши ногаҳонии дамои ҳаво пешбинӣ мешавад.

Дар минтақҳои ҷудогона боронҳои кутоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ боришоти пуршиддат дар назар дошта шудааст. Дамои ҳаво рӯзона 6-8 дараҷа коҳиш меёбад, шамоли сахт (то 12-17 м/с) мевазад, дар қисмати ҷанубии кишвар тӯфони пурчанг пешбинӣ мешавад.

Обу ҳаво: эҳтимоли омадани сел дар Ишкошим, Шуғнон ва Ванҷ

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо дар роҳандозии корҳои саҳро эҳтиёткор бошанд.

КҲФ ба ронандаҳо ва алоқамандони кӯҳгардӣ, сайёҳони кӯҳгард ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, ҳамчунин риояи масофа як шарти аслии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳист, ки хавфу хатарҳоро кам мекунад.

8
Барчаспҳо:
тӯфон, шамоли сахт, борон, Тоҷикистон
Ҳунармандм мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова

"Интихоби дуруст:" Талабшо Муқимов дар бораи издивоҷи Сурайё Қосимова

92
(Таҷдидшуда 19:03 26.09.2020)
Рӯзноманигори машҳури тоҷики муқими Амрико Талабшо Муқимов издивоҷи примаддонаи саҳнаи тоҷик Сурайё Қосимоваро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Талабшо Муқимов рӯзноманигори шинохтаи тоҷики муқими Амрико мегӯяд, мардуми сайёра ба космос сафар мекунанд, вале вазифаи бархеҳо ғайбату киноя аст.

Ӯ издивоҷи примаддонаи саҳнаи тоҷик Сурайё Қосимоваро бо Пӯлод Шаропов шарҳ дода, навиштааст, ки Сурайё Қосимова ҳамеша интихоби дуруст дорад.

"Касе метавонад, ки худро хушбахтару ободтар кунад Ошаш шавад! Агар 200 сола бошиву бо сини 20 никоҳи ҳалол бастӣ боз ҳам ош шавад! Ишқ сарҳад надорад! Вазифаи дӯстдоштаи баъзе нафарон ғайбат, бахилӣ ва хандаҳои бемазмун аст... Мардуми дунё ба Космос сафар доранд ва дар дигар сайёраҳо зиндагӣ ва корҳои илмӣ пеш мебаранд. Мо устои пеши пеши "Комментария". Пеш аз муҳокимаи нафаре ҳар кас аз худ аввал пурсад, ки ақалан қутии гӯгирд "спичка" сохта метавонад ё не?. Сурайё Қосимова - Ҳунарманди нотакрор, зани бисёр зебо ва инсони беҳад нексиришт аст! Ҳамеша ақли комил ва интихоби дуруст дорад!", - навиштааст Талабшо зери акси якҷоя бо хонум Сурайё Қосимова.

Ёдрас мешавем, ки никоҳи ин бонуи ҳунар бо Пӯлод Шаропов, ки аз ҷиҳати синну сол аз ҳам фарқияти зиёд доранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозираҳои зиёдеро барангехт. 

Нафаре аз доираҳои наздики Шабнами Сурайё, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷавон чанд сол ошиқи ҳунарманд буд.

"Дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки гӯё ҷавон барои пулу моли хонум Сурайё ӯро ба занӣ гирифтааст. Дурӯғи маҳз аст! Ҳаминро метавонам гӯям, ки ӯ солҳо боз ошиқи Сурайё Қосимова буд ва худаш ҳам марди доро аст", - изҳор дошт манбаъ.

Издивоҷи Сурайё Қосимова бо ҷавони 32-сола - навори никоҳ корбаронро "шӯронид"

Аммо нафароне низ пайдо шудаанд, ки дахолати дигаронро ба ҳаёти шахсии ҳунарманд танқид карда, ба навхонадорон хушбахтӣ тамано кардаанд.

92
Барчаспҳо:
интихоб, Сурайё Қосим, издивоҷ