"Облава"-ро аз байн мебарем: дар Тоҷикистон мӯҳлати хизмати артишро 1,5 сол карданианд

© SputnikМинистр обороны РТ Шерали Мирзо на полигоне Фахрабад
Министр обороны РТ Шерали Мирзо на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати адлияи Тоҷикистон дар бораи лоиҳаи қонуне сӯҳбат кард, ки мувофиқи он мӯҳлати хизмати артиш дар кишвар ним сол поён ва ба 1,5 сол расонида мешавад. Намояндаи вазорат таъкид мекунад, ки иқдоми мазкур ба хотири аз байн бурдани "облава" аст

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон мӯҳлати хизмати артишро мехоҳанд то 1,5 сол поён баранд, дар ин бора муовини вазири адлия Абдуманнон Холиқов дар рафти нишасти матбуотӣ хабар дод.

Вай мақсад аз ин иқдоми мақомотро "аз байн бурдани "облава" гуфт".

Ба гуфтиа Холиқов, лоиҳаи қонун дар бораи поён бурдани мӯҳлати артиш аллакай пешниҳод шудааст.

"Лоиҳаи қонун аллакай равон карда шуд, ки дар он мехоҳанд мӯҳлати хизмати артишро ним сол кам намуда, ба якуним сол баробар кунанд. Мо  барои аблаваро аз байн бурдан, аввал мӯҳлати хизматро кам мекунем", - таъкид намуд муовини вазир.
Таджикские милиционеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барканории 6 комиссари ҳарбии Суғду Хатлону ВМКБ: "облава амали номатлуб"

Вай афзуд, ки ин танҳо пешниҳод аз ҷониби вазорати мудофиа аст ва дигар вазорату идораҳои дахлдор хулосаи худро пешниҳод накардаанд. Қабули он вақт талаб мекунад, таъкид намуд намояндаи Вазорати адлия.

Вай чанд пешниҳоди дигари лоиҳаи мазкурро тавзеҳ дод, ки мувофиқи он дар низоми атриши Тоҷикистон ислоҳоти кулл ворид мешавад.

"Мо хизмати шартномавӣ надорем, вале шаклҳои дигари хизматро ҷорӣ карданием, масалан, хизмати алтернативӣ. Аммо ин ҳама марҳила ба марҳила ҳал мешавад ва ба фикри мо, пеш аз ҳама, киҳшиш додани мӯҳлати хизмат муҳим аст, то ҷавонони бештарро ҷалб кунем", - афзуданд аз Вазорати адлия.

Охирҳои соли 2019 нашрияи парлумони Тоҷикистон "Садои мардум" пешниҳод кард, ки хизмати ҳарбӣ дар кишвар яксола шавад, то ҷавонон ба артиш дилгарм шаванд ва “дедовшина” хотима ёбад.

Ин пешниҳод дар ҳоле дар як рӯзномаи мӯътабари расмӣ нашр шуд, ки ҳар мавсими эъзоми ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мақомот ба мушкили фаровон дучор мешаванд. Аз ҷумла мақомот даст ба ҷалби ҷавонон бо зӯрӣ аз кӯчаю хиёбонҳо мезананд, ки  дар миёни мардум ба вожаи “облава” маъруф аст.

РВУД Душанбе мегӯяд, ҳолати сабтшуда дар навор на облава, балки боздошти муттаҳамон дар майдаавбошӣ буд - Sputnik Тоҷикистон
“Садои мардум”: чӣ тавр мешавад бар “дедовшина” ва “облава” хотима дод?

Ин маърака ба як мавсими пур аз дардисари мақомоти маҳаллӣ, бахусус ҷамоатҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва милиса шудааст.

Ҳуқуқдонҳо: ислоҳи қонуни даъват ба артиш "облава"-ро қонунӣ мекунад

Бархе аз ҷавонони Тоҷикистон ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, аммо теъдоди онҳо кам буда, аксаран рӯ ба муҳоҷирати корӣ меоранд ва ё ба донишгоҳу донишкадаҳои рӯзона паноҳ мебаранд. С. Аминиён, муаллифи матлаби “Чаро то ба ҳол аксар ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дилгарм нестанд, ки дар шумораи ахири “Садои мардум” ба нашр расидааст, мегӯяд, низоми эъзом ба артиш ниёз ба ислоҳот дорад, он гуна ки дар соҳоти маориф (гузаштан аз низоми таҳсили даҳсола ба ёздаҳсола, коҳиши муҳлати таҳсил дар макотиби олӣ аз 5 ба 4 сол) ва тандурустӣ (пайдо шудани клиникаҳои шахсӣ, табиатшифоӣ, гиёҳдармонӣ, тибби чинӣ) ба назар мерасад.

“Облава” ё ҷалби иҷбории ҷавонон дар Тоҷикистон ба дараҷае доғ шуд, ки иддае дар шабакаҳои иҷтимоӣ истеъфои вазири дифоъи ин кишварро тақозо карданд. Аз сӯи дигар, таваҷҷӯҳи расонаҳои давлатӣ ба ин мушкил баёнгари он аст, ки ин мушкилро на фақат расонаҳои мустақил, балки ҳукуматӣ низ бармало дарк кардаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0