Кистанд 58 ҷавоне, ки бори нахуст ба мақоми судя таъйин шуданд?

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз 58 ҷавон, хатмкардаҳои донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакатро барои бори нахуст ба мақоми додрас ё худ судя таъин кард

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, 58 нафар баъди таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат тариқи озмун ба Маркази таълимии назди Суди Олии Тоҷикистон ҳамчун судя-коромӯз ба таҳсили яксола фаро гирифта шуда, имрӯз бори нахуст ба вазифаи судя таъйин гардиданд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо мақомдорони навтаъин дар додгоҳҳо - Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 150 фармони нави Раҳмон: ном ба ном - кӣ чӣ вазифа гирифт?

Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ҷавонро ба омӯзиши боз ҳам дақиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ ва дар истеҳсолот сайқал додани донишҳои назариявии худ даъват намуд, хабар додаст котибот.

Дар феҳрасти додрасҳои ҷавони навтаъин Саломатшозода Муъмин Давлатшо судяи суди шаҳри Хоруғ, Амрихудозода Фарида Дайхудо судяи суди ноҳияи Дарвоз, Маҳмудзода Азаматшо Сафар судяи суди ноҳияи Ванҷ, Маҷидзода Фирдавс Маҷид судяи суди ноҳияи Роштқалъа, Назруллозода Илҳом Алӣ судяи суди ноҳияи Шуғнон, Сулаймонзода Фариддун Аббос судяи суди шаҳри Кӯлоб номбар шудаанд.

Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон барои бори нахуст Амирҷонзода Саидҷон Амирҷон судяи суди ноҳияи Темурмалик, Амиршозод Дилшод Ҷумахон судяи суди ноҳияи Вахш, Аскарзода Олуфтабону судяи суди ноҳияи Фархор, Исроилзода Исмоил Исроил судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Одиназода Амирҷон Бегиҷон судяи суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиӣ, Раҳмонзода Баҳром Исмоилхон судяи суди ноҳияи Дӯстӣ, Садирзода Рустам Суҳроб судяи суди ноҳияи Ёвон таъин гардиданд.

Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Ба ҷамъият хавфе надорад”: дархости раҳоии рӯзноманигор Шарифов аз додгоҳи болоӣ

Ҳамидзода Рустами Абдуҳалим мақоми судяи суди ноҳияи Восеъ, Сунатуллозода Умедҷон судяи суди ноҳияи Данғара, Чиллазода Акмалҷони Қарахон судяи суди ноҳияи Данғара, Абдутолибзода Саидҷафар Абдутолиб судяи суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин,  Маҳмадсаидзода Рустам Маҳмадсаид судяи суди шаҳри Хуҷанд, Раҳимзод Сулаймон Карим, судяи суди шаҳри Хуҷанд, Ҳасанзода Ҷамолиддин Холмурод, судяи суди шаҳри Бӯстон, Исроилзода Дилноза Муҳиддинҷон мақоми судяи суди шаҳри Конибодомро гирифтаанд.

Водизода Ситора судяи суди шаҳри Конибодом, Дилмуродзода Зуҳро Наҷмидин судяи суди шаҳри Истаравшан, Қаландарзода Алӣ Сафар судяи суди шаҳри Истаравшан, Назирзода Нодир Ғайрат судяи суди шаҳри Истаравшан,  Умарзода Умеда Ашурбой судяи суди шаҳри Истаравшан, Маҳмадхонзода Зафар Маҳмадхон судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Носир судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Холиқзода Муҳаммадсафар Лоиқ судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Абдуллозода Шерзод судяи суди ноҳияи Ашт таъин шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар отряди сарҳадии Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Рост! посухи Ятимов ба супориш барои “пеш кардани намешудагиҳо аз система”-видео

Бобокалонзода Завқиддин Камолиддин вазифаи судяи суди ноҳияи Ашт, Маҳмудзода Фирӯза Махкам судяи суди ноҳияи Спитамен, Хайруллозода Сӯҳроб Хайрулло судяи суди ноҳияи Ҷаббор Расулов, Эркинзода Отабек судяи суди ноҳияи Зафарабод, Азиззода Дилшод судяи суди ноҳияи Айнӣ, Завқиҷонзода Муҳаммадфикриё судяи суди ноҳияи Деваштич,  Ризозода Юсуф Ризо судяи суди ноҳияи Деваштич, Амонқулзода Дилнавоз Амонилло вазифаи судяи суди ноҳияи Шаҳристонро соҳиб гардид.

Инчунин Раҳмон Далер Сафарбек судяи суди ноҳияи Сино, Сайфуллозода Нодира судяи суди ноҳияи Сино,  Сафарзода Азизамоҳ Зайнудин судяи суди ноҳияи Сино, Баротзода Суҳроб Тавакал судяи суди ноҳияи Сино,  Шаҳнозаи Абдухалил судяи суди ноҳияи Сино, Исмонзода Исфандиёр судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  Муродзода Ардашер Алишер судяи суди ноҳияи Шоҳмансур,  Умарзода Ирода Бахтиёр судяи суди ноҳияи Шоҳмансур,  Шафо Беҳруз Назаралӣ судяи суди ноҳияи Шоҳмансур, Шамсуллозода Абдурашид Маҳмадсаид судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ таъин шуданд.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳоди ахбори носаҳеҳ ба Президент: эроди Раҳмон аз ёвар, Ятимов ва додситони кул-видео

Шерхонзода Шарора Азиз мақоми судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ, Иброҳимзода Залина Иброҳим судяи суди шаҳри Турсунзода, Исматзода Далер Мукарам судяи суди шаҳри Турсунзода, Иброҳимзода Баҳодур Ашурхол судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ, Дилороми Раҳмоналӣ судяи суди ноҳияи Рудакӣ, Зиёзода Ҳокимбек Азизбек судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ, Шоҳусайнзода Хуршед Ёрмаҳмад судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ, Шерализода Орзу Шералӣ судяи суди ноҳияи Шаҳринав, Шарифзода Анора Сайфиддин судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе ва Нурализода Одил Бобохуҷа мақоми судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе соҳиб шуданд.

Лентаи хабарҳо
0