Как задерживали сотрудника ГСИН при даче взятки. Видео от ГКНБ

Боздошти раиси суди Гулистон ва корманди Додгоҳи олӣ: ду ҳазор доллар пора гирифтаанд

6841
(Таҷдидшуда 13:14 13.02.2020)
Ёдгорзода Наргис, раиси суди шаҳри Гулистон ҳамроҳи Насритдинзода Муродбек, судя ва Раҷабов Абдухалил, сармутахассиси суди Олӣ ҳангоми гирифтани пора аз сӯи Раёсати мубориза коррупсия дар вилояти Суғд дастгир шудаанд

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дар ин бора, зимни нишасти матбуотӣ аз Раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд. Ин ниҳод, ҳолати даст ба порагирӣ задани ин се корманди сохтори судиро дар рӯзи 13-уми декабри соли 2019 ошкор намудааст.

“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ, муайян карда шуд, ки Насритдинзода Муродбек, дар вазифаи судяи суди шаҳри Гулистон кор карда, истода, санаи 26 сентябри соли 2019 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо раиси суди шаҳри Гулистон Ёдгорзода Наргис аз намояндаи қонунии шаҳрванд, Мизробов Ш., барои омода ва ирсол намудани парвандаи гражданӣ, 2000 доллар маблағ талаб намуда, санаи 13-уми декабри соли 2019 тибқи нақшаи қаблан таҳрезишуда Ёдгорзода Н. ба воситаи миёнрав, сармутахассиси суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабов Абдухалил маблағи 2000 доллар -ро ба сифати пора аз намояндаи қонунии шаҳрванд Мизробов Ш., талаб намуда гирифтааст” - гуфта шудааст дар иттилоия Раёсат.

 Масъулини Раёсати Агентии мубориза бо фасод дар Суғд гуфтанд, ки Ёдгорзода Н., Насритдинзода М. ва Раҷабов А., раиси суди шаҳри Гулистон, судя ва сармутахассиси суди Олӣ ба ин далел аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 319 қисми 3 - Кодекси ҷиноӣ, парванда оғоз карда шуда ва тафтишот идома дорад.

 Ба иттилоъи манбаъ соли 2019 дар вилояти Суғд 505 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодиии характери коррупсионидошта ошкор карда шудааст ва 124 аз ин шумора, ҷиноятҳои вазнин гуфта мешавад.

6841
Барчаспҳо:
боздошт, Суғд, Суди Олӣ, суд, Гулистон, Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во Дворце культуры в Матчинском районе

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, чӣ тавр ба муҳоҷирати меҳнатӣ хотима дод

17
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, имкони бо кор фаро гирифтани муҳоҷирини меҳнатӣ дар дохили Тоҷикистон вуҷуд дорад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба парлумони Тоҷикистон, ки дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе идома дорад, гуфт, соли 2020 бо сабаби пандемияи “вируси корона” 80% - и муҳоҷирини ммеҳнатӣ натавонистанд ба берун раванд.

“Аз 460 ҳазор нафаре, ки ҳамасола берун мерафтанд, фақат 111 ҳазор рафтаанд. Он чӣ ишора карда истодаам, ин аст, ки мо дар дохили кишвар захираву имконотеро дорем, ки дар оянда боз ҳам беҳтар кор карда, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ эҷод намоем ва шароити корӣ фароҳам оварда, мардуми худро бо кори доимӣ таъмин кунем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Тибқи иттилое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи аъзои парлумон эълон кард, соли гузашта дар Тоҷикистон 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ таъсис ёфта, беш аз 6,5 ҳазор ҷои кории нав ба вуҷуд омадааст.

Вай афзуд, 157 муассисаи таҳсили умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва 1,2 млн мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.

“Дар ин давра 193 ҳазор ҷойи кории доимиву мавсимӣ ташкил шуда, даромади пулии аҳолӣ 10% зиёд шудааст”, - гуфт президент.

Вай афзуд, пасандозҳои сокинони Тоҷикистон 17, 2% зиёд шуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил додааст, ки гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва афзоиши эътимоди онҳо ба ташкилотҳои карзӣ аст.

17
Новые автобусы в Душанбе

Дар Душанбе хатсайри нави троллейбус ба фаъолият оғоз мекунад

14
Хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайри мазкур ба воситаи троллейбусҳои муосири тамғаи БК 32100D пешниҳод гардида, пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Душанбе хатсайри нави троллейбус ба фаъолият оғоз мекунад, гузориш медиҳад шаҳрдории Душанбе.

 Бино бар иттилои манбаъ, аз 28 январи соли 2021 хатсайри нави троллейбусии №9 (Корхонаи равғанбарорӣ-маҳаллаи Обшорон)  ба фаъолият оғоз менамояд.

"Дар хатсайри мазкур троллейбусҳои  замонавӣ тавассути хиёбону кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Саъдии Шерозӣ ҳаракат менамоянд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Хатсайри ҷадид бо троллейбусҳои нав дар Душанбе фаъол мешавад

Ҳамзамон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайри мазкур ба воситаи троллейбусҳои муосири тамғаи БК 32100D пешниҳод гардида, пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

14