Поле опийного мака. Архивное фото

“Банг кам, бангӣ кам”. Нархи афъюн боло рафтааст

243
(Таҷдидшуда 21:09 16.02.2020)
Тайи солҳои ахир қимати афъюн дар Тоҷикистон се баробар боло рафтааст. Аз омори мақомот бармеояд, ки ин вазъ мӯҷиби кам шудани теъдоди нашъамандон низ шудааст

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Раиси Ожонси назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, 4 ё 5 соли пеш нархи як килограм афъюн дар марзи давлатии Тоҷикистон 250 – 300 доллар ва дар шаҳри Душанбе 500 доллар буд.

Ба қавли Шерхон Салимзода, имрӯз агар дар сарҳад нархи афъюн 800 – 1000 доллар аст, дар пойтахти Тоҷикистон ба 1500 доллар расидааст.

"Се баробар нарх боло рафтааст. Ин чӣ маъно дорад? Ҳар чӣ ки кам шуд, нархаш ҳамон қадар боло меравад. Камшавӣ чӣ маъно дорад? Яъне воридот ба Тоҷикистон кам шудааст”, - гуфт Салимзода.

Тибқи иттилои расмӣ, соли 2019 дар Тоҷикистон 1 тону 637 кило маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 781 кило ё 48 фоизи он ба минтақаҳои марзӣ рост меояд.

Соли 2018 миқдори маводи мухаддири боздоштшуда 3 тону 696 килоро ташкил медод, ки дар қиёс бо бо соли 2019 2 тону 058 килову 790 грам ё 2,2 маротиба зиёд буд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки мутобиқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид, тавлиди тарёк дар соли 2018 дар Афғонистон “рекордӣ” буда, 9 ҳазор тон, як ҳазор тон бештар аз соли қаблро ташкил додааст ва заминҳои зери кишти тарёк аз дусад ҳазор гектари соли 2007 ба сесад ҳазор гектар дар соли 2018 афзоиш ёфтаанд.

Нуктаи ҷолиби дигареро, ки Раиси Ожонси назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон зикр кард, коҳиши теъдоди нашъамандон аст.

Шерхон Салимзода гуфт, тайи 10 соли ахир теъдоди ин гуна афрод дар Тоҷикистон 37,8% коҳиш ёфтааст.

“Агар соли 2008 дар кишвари мо 8 ҳазору 645 нашъаманд ба қайд гирифта шуда буд, дар ҳолати 1 январи соли 2020 ин рақам ба 5 ҳазору 375 нафар, яъне 3 ҳазору 270 нафар коҳиш ёфтааст. Дар қиёс бо соли 2018 теъдоди нашъамандон 684 нафар, ё 11,3% кам шудааст”, - гуфт Салимзода.

Ҳамзамон ин рақам қобили таваҷҷӯҳ хоҳад шуд, агар теъдоди аҳолии Тоҷикистон, ки соли 2008 атрофи 7 миллион нафар тахмин мешуд ва дар соли 2019, бино ба додаҳои гуногун, аз марзи 9 миллион нафар убур кардааст, низ ба назар гирифта шавад.

243
Барчаспҳо:
нарх, бангдона