Каримов Худжа Рахимович, Хуҷа-командир, бывший полевой командир

ВКД: "Хӯҷа Командир" ба Душанбе истирдод шуд

6346
(Таҷдидшуда 18:50 17.02.2020)
Хӯҷа Каримов бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон аз соли 2008 ба ин сӯ дар кофтукови расмӣ қарор дошт

ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон истирдоди Хӯҷа Каримов, маъруф ба “Хӯҷа – Командир” – ро ба Душанбе таъйид кард.

Як манбаъ дар ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсуф дар пайи ҳамкории мақомоти пулиси Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай дастгир гашта, 16 феврали соли 2020 ба Душанбе истирдод шуд.

Хӯҷа Каримов бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон аз соли 2008 ба ин сӯ дар кофтукови расмӣ қарор дошт.

Шаҳрванд Хӯҷа Каримов, маъруф ба “Хӯҷа Командир” 1 октябри соли 1960 дар деҳаи Қизил Қалъа, ҷамоати деҳоти ҳамноми ноҳияи Хуросон таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва духтур аст. Маъруфияти ӯ ба замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992 – 1997) рост меояд.

Ӯ яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ буд, ки дар замони ҷанги дохилӣ ноҳияи Ғозималики собиқ (ҳоло Хуросон) ва навоҳии атрофи онро таҳти назорат дошт. Маҳз дар ин айём гурӯҳи силоҳбадастони ӯ даст ба ҷиноятҳои зиёд, аз қабили куштор, сирқати амвол, одамрабоӣ ва ғайра мезанад, ки ҳукумати марказиро ба ташвиш меорад ва соли 1998 ӯро дар толори Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки Каримов узваш буд, боздошт мекунанд.

Аммо дере нагузашта ӯ раҳо шуд ва соли 2001 бо истифода аз нуфузи пуштибонҳои қавии худ аз пайгарди қонун ба хориҷ аз Тоҷикистон фирор кард. Бино ба хабарҳои мухталиф, ӯ то ин замон дар Малайзия сукунат ихтиёр карда буд. 30 июли соли равон Хӯҷа ва муҳофизу мураббии русашро мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай бо талаби мақомоти Тоҷикистон боздошт карданд, аммо ба шарти берун нарафтан аз манзил раҳо шуд. Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, Хӯҷа Командир дар Дубай чандин хона дорад ва ӯро борҳо дар Дубайу Шарҷа ва шаҳрҳои дигари Имороти Муттаҳидаи Араб дидаанд.

Куштор дар қабристон: боздошти шаш "рекет"-и солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Хуросон

“Хӯҷа-Командир ҳоло дар Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД, ки сардораш Шоҳрух Саидов аст, қарор дорад. Истирдоди ӯ низ маҳсули талошҳои ин раёсат аст”, - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.

6346