Церемония сжигания наркотиков в Душанбе

Мусодира ва ошкор кам шуд: Тоҷикистон аз кашфи беш аз 1600 кило маводи мухаддир хабар дод

319
(Таҷдидшуда 16:03 18.02.2020)
Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон эълон кард, ки дар соли гузашта 1637 килограм маводи мухаддир кашф ва мусодира шуд

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik.  Масъулини Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштанд, ки дар соли 2018 дар Тоҷикистон, дар маҷмӯъ ҳудуди 3 тонна ва 696 ҳазор килограм маводи мухаддир ошкор ва мусодира шуда буд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар соли 2019  дастгоҳҳои иҷроии мубориза бо маводи мухаддир 582 ҷурму ҷиноят марбут ба қочоқи маводи мухаддирро кашф карданд.

Соли гузашта 67 килограм героин, ҳудуди 76 килограм  афюн, 138 килограм гашиш ва 4 килограм шоҳдонаи қочоқ ошкор ва мусодира шуд.

Ҳамчунин 113 парвандаи қазоӣ бо кайфархост алайҳи 170 нафар ташкил ва ба додгоҳҳо ирсол шуд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран фармондеҳи нерӯҳои интизомии Эрон бо ишора ба лашкаркашии Амрико ба Афғонистон гуфт, пас аз ҳузури Амрико, тавлиди анвои маводи мухаддир дар Афғонистон 50 баробар шудааст. 

Фармондеҳи нерӯҳои интизомии  Эрон бо баёни ин ки  700 тонна намудҳои маводи мухаддир дар 10 моҳи гузашта дар Эрон кашф шудааст тасреҳ кард, ин мизон нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 18 дарсад афзоиш доштааст.

319
Барчаспҳо:
мубориза, ошкор, мусодира, маводи мухаддир, Тоҷикистон
Таджикская милиция объясняет душанбинцам как вести себя во время самоизаляции

Масофаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқоб: корҳои фаҳмондадиҳии милисаҳо дар Душанбе

18
(Таҷдидшуда 13:00 01.06.2020)
Милитсияи пойтахт дар байни шаҳрвандон оид ба риояи масофаи иҷтимоӣ, ниқоби тиббӣ ва бемаврид ба куча набаромадан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳолатҳои зиёди риоя нагардидани қоидаҳои аз ҷониби Ситоди Ҷумҳуриявӣ муқарарраргардидаро ошкор намуданд

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нозирони минтақавии минлитсия пойтахт дар  минтақаҳои хизматии худ бо аҳолӣ ва сокинони маҳаллаҳову биноҳои баландошёна, боғу гулгашт, дукону мағозаҳои ҳуроки умум ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории ҳамагири коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.

Бино ба гузориши Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, нозирони минтақавии милитсияи пойтахт дар байни шаҳрвандон оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ, истифодаи ниқоби муҳофизатии тиббӣ ва бемаврид ба куча набаромадан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳолатҳои зиёди риоя нагардидани Қоидаҳои аз ҷониби Ситоди Ҷумҳуриявӣ муқарарраргардидаро ошкор намуданд.

"Дар ҷараёни ин чорабиниҳои профилактикӣ мушоҳида гардидаааст, ки дар баъзе аз боғу гулгашт ва маҳаллаҳои истиқоматӣ шаҳрвандон ба одитарин қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла масофаи иҷтимоиро риоя накарда, ҳамзамон аз ниқоби тиббӣ истифода намебаранд", - омадааст дар хбаранома.

Гуфта мешавад, ки ҳама муқаррарот ва тавсияи мутахассисони соҳа танҳо барои эмин нигоҳ доштани саломатии шаҳрвандон нигаронида шудаанд. Аз ин лиҳоз ҳамагонро мебояд ин қоидаҳои пешбинишударо ба таври қатъӣ риоя намоянд.

Тибқи иттилои манбаъ, нозирони минтақавии милитсия дар ҷараёни мулоқт бо шаҳрвандон иброз доштанд, дар ин марҳилаи басо муҳим ҳамагонро мебояд беш аз пеш аз тавсия ва маслиҳати мутахассисон кор гирифта, бетарфӣ ва бемасъулиятиро канор гузорем, зеро саломатӣ ин неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он аз ҳар як нафар вобастагии калон дорад.

"Дар ин марҳала саҳми фаъолони ҷомеа, махсусан раисони маҳаллаву Дружиначиёни ихтиёрии милитсия, ки дар бари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият мекунанд бисёр назаррас мебошад".

Бояд қайд намуд, ки ҳамарӯза аз ҳисоби нозирони минтақавӣ ва Дружиначиёни ихтиёрии милитсия дар тамоми боғу гулгаштҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои патрулӣ хизматбарӣ намуда, пеши роҳи амалу кирдорҳои номатлубро мегиранд.

Ин аст, ки дар маконҳои ҷамъиятӣ махсусан боғу гулгаштҳои пойтахт ҳолатҳои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, поймол кардани сабзазору гулгаштҳо ва хароб сохтани дигар таҷҳизотҳои ороишӣ кам ба назар расида, бо гаштугузор намудани гурӯҳҳои патрулӣ чунин амалҳо пешгирӣ карда шуда, ободиву шукуфоии пойтахт нигоҳ дошта мешавад.

18
Барчаспҳо:
вируси нав, қоидавайронкунӣ, Душанбе
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Разработка экспресс-тестов на коронавирус учеными из центра Сколково

Гирифторони COVID-19 муайян мешаванд: дар Хуҷанд ташхисгоҳи нав ба кор шурӯъ кард

30
(Таҷдидшуда 12:36 01.06.2020)
Озмоишгоҳ дар Хуҷанд барои зудтар муайян кардани мубталошавии аҳолӣ ба бемориҳои сироятӣ, махсусан COVID-19 мусоидат мекунад

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд ташхисгоҳи нави вирусологӣ фаъол шуд, хабар медиҳад Ҳукумати вилояти Суғд.

Ташхисгоҳ дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд сохта шудааст.

"Ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 дар заминаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд таъсис дода шуд. Ҳамзамон, имкон дорад, ки  дар ташхисгоҳ  дар як шабонарӯз то 150-200 таҳлил гузаронида шавад", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Гуфта мешавад, мутахассисони ташхисгоҳ дар Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз курси махсуси омӯзишӣ гузаштаанд. Дар оянда низ дигар кормандони озмоишгоҳ дар ин муассисаи тиббӣ марҳила ба марҳила тарзу усули гузаронидани таҳлилҳоро меомӯзанд.

Ба гуфти коршиносон, фаъол гардидани чунин озмоишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд барои зудтар муайян кардани мубталошавии аҳолӣ ба бемориҳои сироятӣ, махсусан  COVID-19-ро метезонад.

Бино ба таҳлили коршиносони соҳаи тиб, барои мубориза бо бемории короновирус, қабл аз ҳама, муайян намудани беморӣ ба воситаи ташхис муҳим буда, кори табибонро то андозае осон ва барои дурнамои табобати муваффақона мусоидат мекунад.

Вазорати тандурустӣ аз тадриҷан кам шудани коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

То имрӯз намунаи таҳлили гумонбарони бемории COVID-19 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.

30