Тоҷикистон парвози ҳавопаймоҳо самти Эронро пурра қатъ кард

© Марина МельникВид из иллюминатора пассажирского самолета, архивное фото
Вид из иллюминатора пассажирского самолета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар робита ба хуруҷи маризии "коронавирус" дар Эрон, се кишвари ҳамсоя марзашонро ба рӯи ин кишвар бастанд. Акнун Тоҷикистон низ вайнан ба ҳамин далел парвозҳоро самти Эрон пурра қатъ намуд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Сар аз 24 - уми феврал, парвозҳои ҳавоӣ тариқи хатсайри Тоҷикистон - Эрон муваққатан масдуд гардид, хабар додааст Азиз Набизода муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Набизода, Тоҷикистон ба далели бурузи ин маризӣ дар Эрон даст ба чунин маҳдудият зад.

"Дар робита ба дарёфти маълумот оид ба хуруҷи ин маризии сироятӣ дар Эрон ба ширкати ҳавонавардии Эрон мактуб ирсол намуда, дархост кардем, ки то ба эътидол омадани вазъият павози ҳавопаймоҳо қатъ карда шавад". - афзудааст Набизода.

Азиз Набизода гуфт, фармоиш ба ширкати ҳавопаймоии "Varesh Airlines" ирсол шудааст, ки қаблан дар як ҳафта дар хатсайрҳои Машҳад-Душанбе-Машҳад ва Теҳрон-Душанбе-Бишкек-Душанбе-Теҳрон ва инчунин ширкатҳои ҳавопаймоии ватании Тоҷик Эйр ва Сомон Эйр фиристода шуд, ки  ҳаққи анҷоми парвоз ба Эронро доштанд.

Прибывающие пассажиры из Китая - Sputnik Тоҷикистон
"Коронавирус" мусобиқаи интихобии олимпиро аз Чин ба Бишкек интиқол дод

Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ , шумораи одамоне, ки дар берун аз Хитой сироят ёфтаанд, рӯзи якшанбе ба 1769 нафар расид.

Се кишвари ҳамсоя ба хотири “коронавирус” марзҳояшонро ба рӯи Эрон бастанд

Ҳамчунин, 2445 нафар дар Хитой қурбонии коронавируси нав гардиданд, шумораи умумии гирифторон ба 77042 нафар расид. Қаблан Вазорати тандурустии Чин хабар дода буд, ки дар ин кишвар зиёда аз 22,8 ҳазор нафар аз ин беморӣ табобат карда шудаанд. Дар саросари ҷаҳон шумораи гирифторони сирояти коронавирус марзи 78,8 ҳазор нафарро гузашт.

Лентаи хабарҳо
0