Пожар, архивное фото

Сӯхтори мудҳиши шабҳангом дар Суғд: чор узви як хонавода ҷон бохтанд

7729
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз як сӯхтори мудҳиш хабар медиҳад, ки дар натиҷаи он чор узви як хонавода ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Сӯхтор дар хонаи истиқоматии сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Раҷабов Абдумавлон рух дод, ки ҷони ӯ ва ҳамсару ду кӯдакашро гирифт.

Ба иттилои раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд, ҳодисаи сӯхтор шаби 25 - уми феврал, тақрибан соати 03:04 дақиқа рух додаст.

Ҳалокати 11 муҳоҷир дар як сӯхтор дар вилояти Томски Русия

Ба оташнишонон даст надод, ки  ақалан ҷони яке аз чор узви ин хонаводаро наҷот диҳанд.

"Дуди ғализ ва забонаи оташ, ки ҳама роҳҳои хуруҷро баста буд, сабаби он гардид, ки бошандагони хона дар дохил ҳалок шаванд", - омадааст дар хабари манбаъ.

Ҳамин тариқ падари ин хонавода Абдумавлон Раҷабови 28 - сола, ҳамсараш Сайида Раҷабоваи 25 - сола ва ду тифли онҳо Сафияи чорсола ва Кабирҷони сесола ба ҳалокат расиданд.

Феълан, мақомоти марбута сабаҳои сӯхторро таҳлил ва омилҳои марги аҳли хонаводаро тафтиш мекунанд.

7729
Барчаспҳо:
ҳалок, хонавода, сӯхтор, Суғд

Омори тозаи гирифторони COVID - 19 дар Тоҷикистон

34
То 4 июн дар Тоҷикистон 4370 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2491 (57%) нафар шифо ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторони коронавирусро нашр кард.

Шабонарӯзи гузашта 81 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор шуда, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашуд. То имрӯз дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 5 июн дар мамлакат 1355 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 219 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

34
Барчаспҳо:
бемориҳои сироятӣ, сироят, вируси нав, Тоҷикистон
Портфель с документами, архивное фото

“Боло омад”: барканории прокурори ноҳияи Хуросон

81
(Таҷдидшуда 17:48 05.06.2020)
Саид Сафарзода, прокурори ноҳияи Хуросон, аз вазифа барканор шуд. Аммо ин барканорӣ то ба ҳол расман эълон нашудааст

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Як манбаъ дар мақомоти ҳукумати ноҳияи Хуросон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Саид Сафарзода бо фармони прокурори генералии Тоҷикистон сурат гирифта, ӯ ба Душанбе рафтааст.

“Аз рӯи маълумоти мо, ӯ дар Душанбе ба вазифаи баландтар гузаштааст. Аммо то ба ҳол дар ҷои ӯ нафари тоза муаррифӣ нашудааст”, - гуфт манбаъ.

Тибқи иттилои сомонаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Саид Сафарзода Шараф Мушовири адлияи дараҷаи 1 буда, соли 1985 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он замон Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин) – ро хатм кардааст ва соли 2017 прокурори ноҳияи Хуросон таъин шудааст.

Тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон, прокурор ҳуқуқи панҷ сол кор кардан дар як вазифаро дорад ва Сафарзода метавонист ду соли дигар кор кунад.

Ин барканорӣ то куҷо ба ҳаводиси 20 рӯзи ахир дар ноҳияи Хуросон рабт дорад, маълум нест. 14 ба 16 майи соли равон дар пайи боронҳои шадид дар ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон селхезӣ ба вуқӯъ пайваста, даҳҳо хонаро тахриб кард ва даҳҳо нафарро дар кӯча гузошт.

Осебдидагон бо нишони эътироз аз набудани кӯмак роҳи Душанбе - Бохтарро бастанд. "То кӯмак нарасонанд, роҳро боз намекунем!"- шиор доданд онҳо.

Баъдтар ниҳодҳои ҳукуматӣ кӯмаки худро ба осебдидагон расонданд ва вазъ оддӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дарёфтӣ, Саид Сафарзода муовини ректори Донишкадаи такмили назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон таъин шудааст.

Иттилои барканорӣ ва таъиноти нави Саид Сафарзода то ба ҳол расман таъйид нашудааст.

 

81