Хуҷастаи Мирзовалӣ, овозхони тоҷик

Видеои ошкоргӯии Хуҷаста: ҷудоии волидон, таваҷҷуҳи Президент ва шавҳари занкалон-навор

11806
(Таҷдидшуда 14:31 29.02.2020)
Хуҷаста Мирзовалӣ, овозхони ҷавони тоҷик, дар бораи кӯдакӣ, ҷанҷолу ҷудошавии волидон, мушкилоти зиндагӣ, тағйири ҳаёт баъди таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як чорабинӣ, ҳаросу ранҷишҳо ва талаботаш аз шавҳари оянда суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Хуҷастаи Мирзовалӣ дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и рӯзноманигор Орзу Исо гуфт, кӯдакияш дар маҳаллаи Боғистони ноҳияи Шаҳринав гузаштааст. Баъди синфи 4 бо хоҳиши падараш ба мактаби мусиқии ба номи Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ дохил шуда, баъдан ба далели ҷудошавии волидон маҷбур гардид, тарки мактаби мусиқӣ кунаду ҳамроҳи модар ба шаҳри Турсунзода кӯчад ва аз синфи 8 то 11 дар мактаби одӣ таҳсил намояд.

Ӯ изҳор дошт, падараш зодаи Фархору модараш зодаи ноҳияи Ҳисор мебошанд, ки ҳангоми таҳсил ошиқи ҳам шуданду оила барпо намуданд. Аз ин ҷуфт се духтару як писар - Мумтоз, Хуҷаста, Руъё ва Шиблӣ ба дунё омадаанд.

Ҷанҷоли волидону ранҷиш аз падар

Ҳуҷаста зикр кард, дар синфи 8 мехонд, ки моҷарою баҳсҳо миёни волидон зиёд шуданду оқибат оила аз ҳам пошид ва фарзандон ҳамроҳи модар ба шаҳри Турсунзода кӯчиданд.

Овозхон изҳор дошт, ки падараш баъди ҷудошавӣ аз модараш як бори дигар хонадор шуду соҳиби як писар гардид, аммо ин хонадоршавӣ ҳам тӯл накашид. Ӯ афзуд, чор соли охир падарашро надидааст, чун дар Маскав асту он ҷо кор мекунад.

Ба гуфтаи Хуҷаста моҷарои падару модараш ба онҳо низ таъсир дошту ва то ҷое ҳарос дар вуҷудаш ҷой дорад. Ӯ гуфт, аз падараш каме ранҷиш дорад, чун модараш танҳо чор фарзандро ба воя расонду дигар хонадор ҳам нашуд. Овозхон гуфт, барои кумак ба модар аз 17-cолагӣ, ҳамчун овозхон кам-кам кор мекард, то модарашро дастгирӣ кунад.

Таваҷҷуҳи Президент ва тағйири ҳаёт

Хуҷаста нақл кард, ки соли 2013 вақте дар як чорабинии давлатӣ роҳбари давлат миёни ҳунармандони зиёди дигар ба ӯ таваҷҷуҳ карду аз Аҳтам Холиқов хостааст, ки барои таҳсилаш дар Итолиё мусоидат намояд, зиндагияш тағйир ёфту пешравиҳо ҳосил шуданд. Хуҷаста дар Милан бо дастгирии Аҳтам Холиқов таҳсил карда, то ҷое забони итолиёвиро низ ёд гирифт.

Ӯ муътақид аст, ки модараш аз ҷудошавӣ набохт, чун бо вуҷуди он, ки бо мушкилот фарзандонро калон кард, агар дар оила мемонд, шояд рӯзи хушро намедид. Ба гуфтаи овозхон, имрӯз фарзандон дастгири модарашон ҳастанду соле ҳадди ақал як бор ӯро барои истироҳат мебаранд.

Хуҷаста гуфт, бонуи қавӣ аст ва шавҳари занкалонро намехоҳад

Ҳангоми суҳбат дар бораи шавҳари оянда Хуҷаста гуфт, худаш бонуи устувору қавиирода мебошад ва шавҳареро мехоҳад, ки аз худаш қавитар бошад. Ӯ дар хонадоршавӣ асос ишқ ва ҳурмати тарафайнро муҳим хонд. Овозхон таъкид намуд, ки намехоҳад шавҳараш занкалон бошаду аз доираи гапҳояш набарояд.  

Ба суол, ки агар шавҳари оянда шарти тарки саҳнаро гузорад, Хуҷаста посух дод, ки наметавонад саҳнаро тарк кунад чун 27 соли умрашро ба санъат бахшидааст. Ӯ тавзеҳ дод, марде, ки ӯро дӯст медораду ҳурмат мекунад, ба санъаташ эҳтиромро қоил аст, талаби тарки саҳна карданро нахоҳад кард.

11806
Барчаспҳо:
ошкоршавӣ, суҳбат, овозхон, Ҳуҷаста Мирзовалӣ, Тоҷикистон
Дворец Кохи Навруз зимой

Раиси Парлумони Афғонистон ба тамошои "Кохи Наврӯз" меравад

38
(Таҷдидшуда 12:10 28.02.2021)
Мирраҳмон Раҳмонӣ бо мақомдорони баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла бо раисҷумҳур ва раиси Маҷлиси намояндагон мулоқот низ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Раиси пралумони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмон ба тамошои чанд мавзеи зебои Тоҷикистон меравад, гузориш медиҳад вебгоҳи Маҷлиси намояндагон.

Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, шоми дирӯз Раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии (Парлумон) Давлати Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳонашонро Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода истиқбол намуданд.  

Раиси парлумони Афғонистон дар доираи сафари корӣ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода,  вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  пракурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқот хоҳад кард.

Президенти Тоҷикистон 1 март бо Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад

Интизор меравад, Мирраҳмон Раҳмонӣ ва ҳамроҳони ӯ  аз "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" ва "Кохи Наврӯз" дидан намоянд.

38
 Врач разговаривает с пациентом

Ӯзбекистон сохтмони як беморхонаро дар Тоҷикистон ба анҷом расонид

59
(Таҷдидшуда 10:52 28.02.2021)
Узбакистон ҳамчунин дар моҳи сентябри соли 2020 сохти як мактаб барои 630 донишомӯзро дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон ба поён расонд.

 ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Бемористони сохти Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон омодаи пазириши беморон, аз ҷумла афроди мубтало ба Ковиди 19 шуд.

Сохти ин бемористон соли 2018 бо ҳазинаи ҳукумати Узбакистон оғоз шуда буд.

Ин бемористон 200 тахти хоби муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти пешрафтаи ташхиси вируси корона мебошад, ки дар Тоҷикистон беназир аст.

Ин таҷҳизот дар кӯтоҳтарин замони мумкин беморони мубтало ба вируси коронаро мушаххас мекунад.

Ӯзбекистон ҳамчунин дар моҳи сентябри соли 2020 сохти як мадраса барои 630 донишомӯзро дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон ба поён расонд.

Бар асоси тавофуқи дуҷониба Тоҷикистон низ бояд як мактаб барои 640 донишомӯз дар вилояти Самарқанд ва як боғчаи бачагон дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон бисозад, ки ба далели густариши вируси корона ин ду нақша ҳанӯз такмил нашудааст.

59
Старик , архивное фото

Латукӯби пирамард дар кӯча: пулу телефонашро гирифтаанд

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати латукӯб ва ғорати марди солхӯрда дар шаҳри Душанбе хабар додааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Ба иттилои ВУД, ба идораи милиса дар шаҳри Ваҳдат пирамарди 73-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки дар кӯча мавриди латукӯб ва ғорат қарор гирифтааст.

Муроҷиаткунанда изҳор доштааст, ки  25-уми феврали соли 2021, тахминан соати 21:00, дар кӯчаи Хуросон шахси номаълум бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш 1 адад телефони мобилии тамғаи “Алкател”  - ро гирифтааст.

Манбаъ афзуд, ҳамлагар дар баробари телефон инчунин  каме маблағро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, маъмурини милиса дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 30-сола,  сокини шаҳри Ваҳдатро бо гумони латукӯб ва ғорати пирамард боздошт кардаанд.

Маълум шудааст, ки дастгиршуда пеш бо моддаҳои 237 ва 244-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан чораандешӣ барои оғози парвандаи ҷиноятӣ идома дорад. Назари бевоситаи дастгиршуда дар мавриди иттиҳомоти эълонкардаи мақомот маълум нест.

0
Барчаспҳо:
боздошт, латукӯб, Тоҷикистон