Интихоботи парлумонии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Нашри нахустин наворҳои қонуншиканӣ дар интихобот ва изҳороти раиси КМИР

2312
(Таҷдидшуда 17:40 01.03.2020)
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз наворҳои қонуншиканӣ дар рафти интихоботи парлумониро нашр карда, хостори расидагӣ ба онҳо шудаанд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Наргис Соҳибова, як корбари шабакаҳои иҷтимоӣ навореро нашр кардааст, ки дар он хонуме бастаи варақаҳои овоздиҳиро ба қутии интихобот мепартояд. Ба гуфтаи ин корбар навор дар яке аз макотиби шаҳри Душанбе сабт шудааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҳар шаҳрванд бояд шахсан бо пешниҳоди шиноснома варақа гираду раъй диҳад. Инчунин ҳолати ба ҷои чанд нафар овоз додани шаҳрвандон дар навоҳии кишвар сабт шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон зимни гузориш аз раванди интихобот то соати 15:00 изҳор дошт, ки расман КМИР ҳанӯз ҳеч шикоятеро нагирифтааст.  Дар ҳамин ҳол комиссияҳои интихоботӣ изҳори омодагӣ кардаанд ба шикоятҳо дар бораи нақзи қоидаҳои интихобот расидагӣ намоянд.

Ба иттилои КМИР, то соати 15:00 дар саросари мамлакат 3 миллиону  703 ҳазору  969 нафар ё 75,1 % интихобкунандагон дар интихобот иштирок карданд ва бар асоси қонун интихобот баргузоршуда ҳисобида мешавад. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба қитъаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд, интихобот баргузоршуда эълон мегардад. Теъдоди умумии интихобкунандагон дар Тоҷикистон ҳудуди 4,9 миллион нафар арзёбӣ мешавад.

Раъйдиҳӣ то соати 20:00 дар 3412 қитъаи интихоботӣ идома хоҳад дошт. Ба гуфтаи Бахтиёр Худоёрзода, то ин соат ба КМИР ягон муроҷиат ва шикоят ворид нагардидааст.

2312
Барчаспҳо:
қонуншиканӣ, парлумон, интихобот, Тоҷикистон
Дворец Нации

Фармони Раҳмон: тарифи неруи барқ, об ва алоқа то охири соли 2020 баланд намешавад

1
Эмомалӣ Раҳион бо судури фармони аз 5 июн  ба Ҳукумати мамлакат дастур дод, ки то охири соли 2020 масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳион бо фармони аз 5 июн  ба Ҳукумати мамлакат дастур доданд, ки то охири соли 2020 бо мақсади кам намудани хароҷоти истеҳсолии корхонаҳо, роҳ надодан ба баландшавии нархи маҳсулоти ватанӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ва сатҳи таваррум баррасии масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад.

Дар Фармони мазкур омадааст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатии соли 2020 ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои харидорӣ ва пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ, аз ҷумла ғалла, тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо намояд.

Дар баробари ин, бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст ва аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар карда шавад.

1
Барчаспҳо:
об, барқӣ, фармон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Президент барои оилаҳои муҳоҷирон кӯмакпулӣ ҷудо кард: боз киҳо ва чандпулӣ мегиранд?

589
(Таҷдидшуда 13:32 05.06.2020)
Тибқи фармони раисҷумҳур аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба наздикони муҳоҷироне, ки бесаробон мондаанд, кӯмакпулӣ дода мешавад. Дар ин дастури президент чанд гурӯҳи дигаре номбар шудаанд, ки аз кӯмаки давлат бархурдор хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 5 июн фармонеро ба имзо расонида дастур додааст, ки ба як гурӯҳ сокинони ҷумҳурӣ бино бар вазъи баамаломада дар пайи пандемияи коронавирус кӯмакпулӣ расонида мешавад.

Бино бар фармони президент, кӯмакпулӣ яквақта ва ба ҳаҷми як маоши ҳадди ақал аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ дода хоҳад шуд.

Киҳо ва чандпулӣ мегиранд?

"Ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ кӯмакпулӣ расонида шавад", - омадааст дар фармони президент.

Музди ҳадди ақал дар Тоҷикистон ба 400 сомонӣ баробар аст.

Як дастури дигар ба Ҳукумат

Тибқи ҳамин фармон, раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат дастур додааст, ки нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандонеро, ки аз бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом дода шавад.

Вазири тандурустӣ таъкид кард, табобати беморони вируси корона комилан ройгон аст

Ҳамзамон, то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт карда шавад.

589