Ҷузвдон, акс аз бойгонӣ

Ном ба ном: 41 ғолиби интихоботи парлумонии 2020

2562
(Таҷдидшуда 18:48 02.03.2020)
Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИР Тоҷикистон, номзадҳоеро, ки аз ҳавзаҳои якмандатӣ беш аз 50 дарсади овозҳоро соҳиб шуда, ба парлумон роҳ ёфтанд, ном бурд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ба иттилои КМИР дар ҳавзаҳои Душанбе - Насриддинзода Эмомалӣ аз ҳавзаи Фирдавсӣ, Парвина Меликова аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Фозил Обидов аз Шоҳмансур, Рустам Шоҳмурод аз Сино ба парлумон роҳ ёфтанд.

Инчунин Солеҳа Холмаҳмадзода аз Турсунзода, Файзулло Баротзода аз Шаҳринав, Сурайё Уроқова аз Ҳисор, Муҳаммадраҳим Юсуфӣ аз ҳавзаи Сомонӣ, Хайриддин Усмонзода аз Рӯдакӣ, Ҷамшед Муртазозода аз Ваҳдат, Файзулло Наҷмиддинов аз Файзобод, Маҳмадтоҳир Зокирзода аз Рашт дар интихоботи 1 март пирӯз шуданд.

Дар ҳавзаҳои шимоли Тоҷикистон, Гулбаҳор Назирӣ аз Хуҷанд, Мавлудахон Мирзозода аз Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Ахмедов аз ҳавзаи Урӯнхоҷаев, Баҳодур Акрамзода аз Ҷаббор Расулов, Баҳриддин Зиёӣ аз Ашт, Ғайрат Азиззода аз Мастчоҳ, Равшан Раҷабзода аз Конибодом, Мавзуна Шамсиддинзода аз Исфара,  аз Панҷакент Шодизода Парвиз, аз Айнӣ - Шарифзода Ғиёсиддин, аз Истаравшан - Умаров Абдуҷаббор Қаҳҳорович, аз Деваштич - Исмоилзода Зувар Муртазохон, аз Спитамен - Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло ба парлумон роҳ ёфтанд. 

Дар ҳавзаҳои ҷануби Тоҷикистон, дар ҳавзаи Бохтар - Маҷидова Сарвиноз Комиловна, дар Кушониён - Шодиён Муҳаммад Султонзода, дар Абдураҳмони Ҷомӣ - Ашурзода Гулбаҳор Сангилло, дар Ёвон - Азимзода Толибхон, дар ҳавзаи Ҷалолиддини Балхӣ - Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло,  дар Қубодиён Файзуллозода Зафар Хайрулло, дар Вахш - Сафарзода Бахтовар,  Ҷайҳун - Шарофзода Гавҳар, дар Фархор - Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, дар Ҳамадонӣ - Одинаев Ҳаёт, дар Данғара - Абдухолиқзода Лутфия, дар Кӯлоб - Ҳакимзода Шариф,  дар Муъминобод Абдуллоев Меъроҷ, дар Восеъ - Латифзода Рустам, дар Ванҷ Қодири Қосим ва дар ҳавзаи Хоруғ - Гиёзода Азиз Қодир ғолиби интихобот эълон гардиданд.

2562
Барчаспҳо:
номзадҳо, интихобот, Тоҷикистон
Учения МЧС РФ в Ростове-на-Дону

Мубориза бо КОВИД-19: дар Бӯстон маҳлули хлор тақсим мекунанд

6
Дар ҳудуди шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳу муассисаҳо ва манзилҳои аҳолӣ ҳамарӯза ҷиҳати безараргардонӣ тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар баробари ба роҳ мондани корҳои безараргардонӣ дар ҳудуди шаҳр тариқи нақлиёти махсуси хизматӣ ва дастгоҳҳои безараргардонӣ, инчунин Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ ба аҳолӣ маҳлули хлорро ройгон дастрас менамояд.

Дар ин бора шаҳрдории Бӯстон гузориш медиҳад.

Дар ҳудуди шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳу муассисаҳо ва манзилҳои аҳолӣ ҳамарӯза ҷиҳати безараргардонӣ тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, шурӯъ аз охирҳои моҳи апрели соли 2020,  ба зиёда аз 780 нафар сокинони шаҳри Бӯстон, ки хоҳиши шахсан дар манзилҳояшон гузаронидани корҳои безараргардонӣ доранд ва ё тариқи пешниҳоди раисони маҳаллаҳо беш  аз 11 тоннаву 700 литр маҳлули хлор дастрас карда шуд.

Тибқи иттилои директори Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Бӯстон Зайнулло Тешаев, дар Марказ захираи кофии маҳлулҳои безараргардонӣ мавҷуд аст.

Сокинон бемамониат имкон доранд ройгон маҳлули хлор дастрас намоянд.

Ҷаҳиши нархи хлору ниқоб дар Суғд

 

6
Дворец Нации

Фармони Раҳмон: нархи неруи барқ, об ва алоқа то охири соли 2020 баланд намешавад

60
(Таҷдидшуда 14:11 05.06.2020)
Эмомалӣ Раҳион бо судури фармони аз 5 июн  ба Ҳукумати мамлакат дастур дод, ки то охири соли 2020 масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳион ба Ҳукумати дастур дода, ки то охири соли 2020 бо мақсади кам намудани хароҷоти истеҳсолии корхонаҳо, роҳ надодан ба баландшавии нархи маҳсулоти ватанӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ва сатҳи таваррум баррасии масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад.

Фармони президент: киҳо аз андоз озод шуданд?

Дар Фармони мазкур омадааст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатии соли 2020 ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои харидорӣ ва пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ, аз ҷумла ғалла, тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо намояд.

Президент барои оилаҳои муҳоҷирон кӯмакпулӣ ҷудо кард: боз киҳо ва чандпулӣ мегиранд?

Дар баробари ин, бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст ва аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар карда мешавад.

60
Барчаспҳо:
об, барқӣ, фармон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон