Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИР, акс аз бойгонӣ

Аз бонуи миллионер то раиси коммунистҳо ва собиқ вазирон: киҳо вакил шуданд?

2500
(Таҷдидшуда 20:57 02.03.2020)
Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИР 41 номзади пирӯз дар интихоботи 2020 аз ҳавзаҳои якмандатиро ном бурд, ки бархеяшон бо фаъолият дар бахшҳои гуногун шинохтаанд. Инчунин маълум шуд, ки тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ, киҳо аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ вориди парлумон мешаванд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сурайё Ӯроқова, мудири ҶДММ “Гурӯҳи Самимӣ Констракшн” ва номзади ҲХДТ дар ҳавзаи Ҳисор пирӯз эълон карда шуд. Ӯроқова қаблан бо ободкориҳояш шинохта буд. Аз ҷумла чанд соли қабл бо харҷи 27 миллион сомонӣ дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино, бинои истиқоматии 12 - ошёнаро бо марказҳои савдою хизматрасонии муосир ва бозорча мавриди истифода қарор дода буд. 

Раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Мироҷ Абдуллоеви 72-сола дар ҳавзаи Мӯъминобод пирӯзи интихобот шуд. Абдуллоев, ки дар гузашта дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон кор мекард, зодаи ноҳияи Мӯъминобод буда, соли 2017-ум баъди Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков роҳбари Ҳизби коммунистии Тоҷикистон интихоб шуда буд. Абдуҷаббор Умаров, номзади дигари коммунистҳо аз ҳавзаи Истаравшан низ ба парлумон роҳ ёфт.

Қодири Қосим, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва собиқ раиси ВМКБ аз ҳавзаи Ванҷ ба парлумони ҷадид ворид гардид. Рустам Шоҳмурод, собиқ вазири адлияи Тоҷикистон дар ҳавзаи Сино пирӯз шуд.

Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки дар сархати рӯйхати ҳизбияш низ қарор дорад, дар ҳавзаи Восеъ пирӯзи интихобот эълон шуд. Ҳизби ӯ дар ҳавзаи ҷумҳуриявӣ бо 16 дарсади овозҳо соҳиби 4 курсӣ гардид.  Панҷ нафар дар сархати феҳрасти интихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон - Латифзода Рустам, Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович,  Усмонов Мансур Саломович, Холбойзода Неъматулло Холбой ва Сафаров Зайниддин буданд.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар садри рӯйхати ҳизбияш Қудратов Рустам Раҳматович, Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич, Ашӯров Ғиёсиддин Маҳмадмуродович ва Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзодаро пешниҳод намуда, аз ҳавзаи ҷумҳуриявӣ соҳиби 4 курсӣ шуд. Маҷидова Сарвиноз, ки ахиран ноиби раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб шуда буд, дар ҳавзаи Бохтар пирӯз гардид.

Бар асоси рӯйхатҳои пешниҳодшуда дар парлумони нав низ Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро чун пештара раисаш Абдуҳалим Ғаффоров ва Ҳизби демократиро роҳбараш Саидҷаъфар Исмонзода намояндагӣ хоҳанд кард.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҷумҳуриявӣ соҳиби 12 курсӣ шуд. 12 нафаре, ки дар садри рӯйхати ҳизби ҳоким пешниҳод шуда буданд, Фаттоҳзода Саймурод Самад, Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода, Содиқӣ Насиба Нуруллозода, Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, Тағойзода Сумангул Саид, Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода, Қосимзода Идигул Тағо, Амонулло Хайрулло, Матробиён Саодатшо Қосимзода, Холиқзода Абдураҳим Ғафор ва Табарӣ Абдулло Ҳабибулло мебошанд.  

2500
Барчаспҳо:
парлумон, интихобот, Тоҷикистон
Учения МЧС РФ в Ростове-на-Дону

Мубориза бо КОВИД-19: дар Бӯстон маҳлули хлор тақсим мекунанд

2
Дар ҳудуди шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳу муассисаҳо ва манзилҳои аҳолӣ ҳамарӯза ҷиҳати безараргардонӣ тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар баробари ба роҳ мондани корҳои безараргардонӣ дар ҳудуди шаҳр тариқи нақлиёти махсуси хизматӣ ва дастгоҳҳои безараргардонӣ, инчунин Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ ба аҳолӣ маҳлули хлорро ройгон дастрас менамояд.

Дар ин бора шаҳрдории Бӯстон гузориш медиҳад.

Дар ҳудуди шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳу муассисаҳо ва манзилҳои аҳолӣ ҳамарӯза ҷиҳати безараргардонӣ тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, шурӯъ аз охирҳои моҳи апрели соли 2020,  ба зиёда аз 780 нафар сокинони шаҳри Бӯстон, ки хоҳиши шахсан дар манзилҳояшон гузаронидани корҳои безараргардонӣ доранд ва ё тариқи пешниҳоди раисони маҳаллаҳо беш  аз 11 тоннаву 700 литр маҳлули хлор дастрас карда шуд.

Тибқи иттилои директори Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Бӯстон Зайнулло Тешаев, дар Марказ захираи кофии маҳлулҳои безараргардонӣ мавҷуд аст.

Сокинон бемамониат имкон доранд ройгон маҳлули хлор дастрас намоянд.

Ҷаҳиши нархи хлору ниқоб дар Суғд

 

2
Дворец Нации

Фармони Раҳмон: нархи неруи барқ, об ва алоқа то охири соли 2020 баланд намешавад

20
(Таҷдидшуда 14:11 05.06.2020)
Эмомалӣ Раҳион бо судури фармони аз 5 июн  ба Ҳукумати мамлакат дастур дод, ки то охири соли 2020 масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳион ба Ҳукумати дастур дода, ки то охири соли 2020 бо мақсади кам намудани хароҷоти истеҳсолии корхонаҳо, роҳ надодан ба баландшавии нархи маҳсулоти ватанӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ва сатҳи таваррум баррасии масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад.

Фармони президент: киҳо аз андоз озод шуданд?

Дар Фармони мазкур омадааст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатии соли 2020 ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои харидорӣ ва пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ, аз ҷумла ғалла, тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо намояд.

Президент барои оилаҳои муҳоҷирон кӯмакпулӣ ҷудо кард: боз киҳо ва чандпулӣ мегиранд?

Дар баробари ин, бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст ва аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар карда мешавад.

20
Барчаспҳо:
об, барқӣ, фармон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон