Рахматилло Зойиров, архивное фото

Зойиров гуфт, ҳукумати Раҳмон гумон мекунад моро шикаст дод: Не! Ва боз, не!

3826
(Таҷдидшуда 17:19 03.03.2020)
Раҳматилло Зойиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон зимни як изҳороташ аз натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ дар кишвар шадидан интиқод кардааст

ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон зимни изҳороташ дар саҳифаи шахсии Фейсбукиаш аз ноадолатӣ ва тақаллуб дар интихобот таъкид карда, гуфтааст ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон чигуна раъйи мардумро баршумурдааст.

Вай афзудааст, ки ҳарчанд ҳизбаш дар интихобот комёб нашуд, рӯҳафтода нашудааст.

“Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон гумон мекунад, ки онҳо Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро ва ман, Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ-ро, шикаст доданд. Не! Ва боз, не!”, - қайд намудааст Зойиров.

Ҳамчунин, вай таъкид доштааст, ки иштироки ҲСДТ дар интихоботи парлумонӣ дар соли 2020 ду ҳадаф дошт:

1. Муаррифии ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро ҳамчун ҳизби халқӣ ба мардуми кишвар;

Нашри нахустин наворҳои қонуншиканӣ дар интихобот ва изҳороти раиси КМИР

2. Мушоҳида аз рафтори ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, яъне чи гуна онҳо бо ҲСДТ рафтор мекунанд.

Вай гуфт, ҲСДТ ҳарду вазифаро шарафона иҷро кард!

“Онҳо ба мо имконият доданд, ки ба парлумони кишвар биравем ё не, ин масъалаи муҳим нест! Ин як ҷузъи рафтори ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст”, - илова кардааст Зоиров.

Ёдрас мешавем, ки тибқи Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҲСДТ дар интихоботи парлумонии гузашта 0,32 дарсад раъйи мардумро ба даст оварда ба парлумони кишвар роҳ наёфтааст.

Ба иттилои Худоёрзода, аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 50,4 фоизи овозҳо ва 12 курсии вакилӣ, Ҳизби аграрии Тоҷикистон 16,5 дарсади овозҳо - 4 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 16,61 дарсади овозҳо - 4 курсӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон 5,10 дарсади овозҳо - 1 курсӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон - 5,15 дарсади овозҳо - 1 мандати вакилиро соҳиб шуданд.

Ҳамчунин Худоёрзода таъкид намудааст, ки дар интихоботи гузашта аз 4,9 миллион нафар интихобкунанда, 4,2 миллион нафар ё худ 86,4 фоиз иштирок намуданд, ки дар натиҷа аз ҳавзаи ҷумҳуриявӣ 5 ҳизб ба парлумон роҳ ёфт.

3826
Барчаспҳо:
Ҳукумат, изҳорот, интихобот, парлумон, ҲСДТ, Тоҷикистон
Скорая помощь

Ҷаримаи ронандаҳои “Ренҷ Ровер”, “Тайёта” ва ...: ба мошини ёрии таъҷилӣ роҳ надодаанд

17
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба нақлиёт дар Душанбе ронандаҳое, ки ба нақлиёти ёрии таъҷилӣ роҳ намедиҳанд ҷарима хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 5  июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба ҷаримаи соҳибони мошинҳое, ки сари вақт ба нақлиёти ёрии таъҷилӣ роҳ намедиҳанд, оғоз кардаанд, хабар медиҳад шабакаи телевизиони Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, танҳо давоми як санҷиш дар масофаи 15 киллометир 43 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки автомобилҳои шахсӣ, мусофиркашҳо, микроавтобусҳои оддии ҷамъиятӣ ва ҳатто нақлиёти хидматӣ ба садои ёрии таъҷилӣ ва чароғакҳои равшани он тамоман аҳамият намедиҳанд.

Гуфта мешавад,  бо шарофати сабтҳои камераҳои назорати видеоӣ, Раёсати ВКД дар Душанбе тавонист тамоми ронандаҳое, ки ба чунин амал даст задаанд пайдо кардааст, ки миёнашон ронандаҳои худравҳои “Ренҷ Ровер”, “Тайёта”, “Мерседес” низ будаанд.

Барои ҳар як ронанда протокол тартиб дода шуд ва барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима ситонида шуд.

Қайд мешавад, ки ҳангоми сафарҳои таъҷилӣ, кормандони гуруҳи ёрии таъҷилӣ тамоми таҷҳизоти огоҳӣ, аз ҷумла чароғаки кабуд ва садоро (сигнал) истифода мекунанд, аммо ҳатто баъзан ин ба духтурон имкон намедиҳад, ки ба зудӣ ба ҷойи даъватшуда бирасанд.

Тибқи гузориш қоидаҳо на танҳо дар роҳҳо ва ҳатто дар назди биноҳои истиқоматӣ вайрон мешавад, ки сокинон дар назди дари биноҳо нақлиёти худро гузоштаанд, ки ворид шуданро душвор месозад.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми сокинони шаҳр хоҳиш менамояд, ки ба сигналҳои ёрии таъҷилӣ бодиққат бошанд ва ба гузариши бригада монеа нашаванд, зеро ин метавонад ба ҳаёти инсон арзиш дошта бошад.

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайтахт аз ҳама ронандагон даъват кардааст, ки тамоми қоидаҳои роҳро риоя намоянд ва ба ҳаркати бемамониати нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ халал нарасонанд.

 

 

17

Садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: писараки 4-сола ҳалок шуд

14
Ронандаи "Мерседес Бенс", ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд" аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи "Опел-Вектра" бархӯрдаст

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд хабар додааст, ки дар натиҷа мутаассифона кӯдаки хурдсол, чорсола ба ҳалокат расидаст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 4 июн рух додааст.

Тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес Бенс», Азимов Аскар Ахмедович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд" дар 186 км, ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда, Забаров Насим Баҳруллоевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор бархӯрдааст.

Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра" хурдсол, Забаров Муҳаммадҷон Диловарович, соли таваллудаш 2016, сокини шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Худи ронанда, Забаров Н.Б. ва мусофираш, Забарова Мастура Раҷабовна, соли таваллудаш 2007, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз руи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

14