“Тоҷат бишканад!” Охирин намози ҷамоат дар масҷидҳои Душанбе

© © Sputnik / Амир ИсаевПраздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сар аз бомдоди чоршанбе, 4 март, тамоми масҷидҳои шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон ба рӯи намозгузорон баста хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дасти кам ду намозгузор аз ду масҷиди шаҳр ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд, ки пас аз анҷоми намози хуфтани рӯзи сешанбе, 3 март, имомхатибони масоҷид дар навоҳии Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ ба намозгузорон эълон карданд, ки шурӯъ аз намози бомдоди рӯзи дигар ибодати худро дар хонаҳои худ анҷом диҳанд. Ба қавли онҳо, имомхатибон гуфтаанд, аз мақомоти болоии ҳукумат дастур омадааст, то намозгузоронро аз вазъият огоҳ созанд.

Министр образования РТ Имомзода Мухаммадюсуф - Sputnik Тоҷикистон
Вазири маориф дастур дод: олимпиадаҳо манъ ва муҳассилин ниқоб пӯшанд

“Имомхатиб гуфт, як бемории сироятӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн мешавад, ки “коронавирус” ё "вируси тоҷдор" ном дорад ва зуд аз одам ба одам мегузарад. Мақомот гуфтаанд, ин иқдоми муваққатӣ буда, ба хотири саломатии намозгузорон ва аҳли хонаводаи онҳо гирифта мешавад ва мардум набояд ба овозаву дарвоза дода шаванд ва ба воҳима афтанд”, - гуфт намозгузоре, ки пас аз адои намози хуфтан ҳамсӯҳбати хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар Душанбе шуд.

То лаҳзаи омода шудани ин гузориш ба Sputnik Тоҷикистон муяссар нагардид, ки шарҳи мақомотро дар ин маврид ба даст орад. Аммо ин танҳо иқдоми мақомоти Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши “вируси тоҷдор” ё “коронавирус” дар кишвар тайи рӯзҳои ахир нест.

Қаблан Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон бо ирсоли як барқия аз ширкатҳои ҳавонавардӣ тақозо карда буд, ки аз фурӯхтани чиптаи ҳавопаймо ба шаҳрвандони 35 кишвари дунё даст кашанд. Баъдтар ин ниҳод дар ин дастури худ таҷдиди назар карда, теъдоди кишварҳоро ба панҷ пойин овард.

Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон низ ба ширкатҳои сайёҳии кишвар тавсия дод, ки аз ташкили саёҳати шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷ ва шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Ахиран Вазорати маорифи Тоҷикистон ба ниҳодҳои зертобеъи худ дастур додааст, ки олимпиадаҳои мактабӣ манъ ва ҳамаи муҳассилин ба макотиб бо ниқоби тиббӣ ҳозир шаванд.
Манъи намозгузорӣ дар масоҷиди Тоҷикистон дар пайи он тасмимҳоест, ки дар кишварҳои исломӣ, назири Арабистони Саудӣ, Эрон ва дигар кишварҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз “вируси тоҷдор” гирифта мешавад.

Сотрудник санитарно-контрольного пункта - Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбекистон 12 шаҳрванди Тоҷикистонро ба карантин фиристод

Густариши ин вирус дар ҷаҳон тайи рӯзҳои ахир бесобиқа будааст. Бино ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то соати 10 (ба вақти Аврупои Марказӣ) – и 2 марти соли равон дар миқёси ҷаҳон 88 ҳазору 948 (1804 мавриди ҷадид) – и ба “вируси тоҷдор” гирифтор шудаанд.

Чин ҳамоно хостгоҳи умдаи ин вирус ба ҳисоб меравад. Шумораи гирифторон дар ин кишвар ба 80 ҳазору 174 (206 мавриди ҷадид) расида, теъдоди фавтидагон ба 2915 нафар (42 мавриди ҷадид) расидааст.

Аммо, бино ба ин манбаъ, густариши ин маризӣ дар хориҷ аз Чин афзуда, фақат тайи 24 соати рӯзи 1 март ҷуғрофиёи он ба шаш кишвар - Арманистон, Чехия, Ҷумҳурии Доминикан, Луксембург, Исландия ва Индонезия (рӯзи 29 феврал панҷ кишвар – Озарбойҷон, Эквадор, Ирландия, Монако ва Қатар) густариш ёфтааст ва теъдоди кишварҳои гирифтор ба 64 расидааст. Дар ин кишварҳо 8774 маврид (1598 мавриди ҷадид) таъйид шуда, фавти одамон ба 128 нафар (24 мавриди ҷадид) расидааст.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон то ин лаҳза ягон мавриди гирифтории одамон ба “вируси тоҷдор” сабт нашудааст.

Намозгузорон дар шаҳри Душанбе мегӯянд, дуои охирини имомхатибон низ ин буд, ки Худованд аз балоҳои осмониву заминӣ мардуми Тоҷикистонро нигаҳ дорад ва “тоҷҳои ин вирусро бишканад”.

Лентаи хабарҳо
0