Ҳасан Асадуллозода, раиси Ориёнбонк, акс аз бойгонӣ

Ҳасан Асадуллозода вакил интихоб шуд-акс

3164
Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон дар интихоботи 1 март бо аксари оро вакил интихоб шудааст

ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Номзадии Ҳасан Асадуллозодаро Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Бохтар рақами 3 пешниҳод кардааст.

"Ҳасан Асадуллозода – узви фаъоли ҲХДТ, бо гирифтани раъйи аксарияти интихобкунандагон вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии Бохтар №3 интихоб гардид", - омадааст дар иттилоияи нашркардаи ҲХДТ.

Раиси “Ориёнбонк”- мудавии курсии вакилии маҷлиси пойтахт

Ин дар ҳолест, ки соли 2015 Асадуллозода ба мақоми вакилӣ дар Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе пешбарӣ шуда буд. Ҳасан Асадуллозода аз тоҷирони шинохтаи Тоҷикистон буда, бар асоси иттилои нашргардида соҳиби ду диплом - маълумоти олии иқтисодӣ ва ҳуқуқист. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.

Интихоботи ахири вакилон ба маҷлисҳо 1 март сурат гирифта, ба иттилои КМИР аз 4,9 миллион интихобкунанда, 4,2 миллион нафар ё худ 86,4 фоиз дар раъйдиҳӣ иштирок намуданд. Дар натиҷа 6 ҳизби Тоҷикистон ба парлумон роҳ ёфт. Аксари курсиҳоро Ҳизби ҳокими халқии демократӣ соҳиб шуд. Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба парлумон ворид нагардид.

3164
Барчаспҳо:
Хатлон, вакил, интихобот, Тоҷикистон
Скорая помощь

Ҷаримаи ронандаҳои “Ренҷ Ровер”, “Тайёта” ва ...: ба мошини ёрии таъҷилӣ роҳ надодаанд

55
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба нақлиёт дар Душанбе ронандаҳое, ки ба нақлиёти ёрии таъҷилӣ роҳ намедиҳанд ҷарима хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 5  июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба ҷаримаи соҳибони мошинҳое, ки сари вақт ба нақлиёти ёрии таъҷилӣ роҳ намедиҳанд, оғоз кардаанд, хабар медиҳад шабакаи телевизиони Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, танҳо давоми як санҷиш дар масофаи 15 киллометир 43 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки автомобилҳои шахсӣ, мусофиркашҳо, микроавтобусҳои оддии ҷамъиятӣ ва ҳатто нақлиёти хидматӣ ба садои ёрии таъҷилӣ ва чароғакҳои равшани он тамоман аҳамият намедиҳанд.

Гуфта мешавад,  бо шарофати сабтҳои камераҳои назорати видеоӣ, Раёсати ВКД дар Душанбе тавонист тамоми ронандаҳое, ки ба чунин амал даст задаанд пайдо кардааст, ки миёнашон ронандаҳои худравҳои “Ренҷ Ровер”, “Тайёта”, “Мерседес” низ будаанд.

Барои ҳар як ронанда протокол тартиб дода шуд ва барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима ситонида шуд.

Қайд мешавад, ки ҳангоми сафарҳои таъҷилӣ, кормандони гуруҳи ёрии таъҷилӣ тамоми таҷҳизоти огоҳӣ, аз ҷумла чароғаки кабуд ва садоро (сигнал) истифода мекунанд, аммо ҳатто баъзан ин ба духтурон имкон намедиҳад, ки ба зудӣ ба ҷойи даъватшуда бирасанд.

Тибқи гузориш қоидаҳо на танҳо дар роҳҳо ва ҳатто дар назди биноҳои истиқоматӣ вайрон мешавад, ки сокинон дар назди дари биноҳо нақлиёти худро гузоштаанд, ки ворид шуданро душвор месозад.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми сокинони шаҳр хоҳиш менамояд, ки ба сигналҳои ёрии таъҷилӣ бодиққат бошанд ва ба гузариши бригада монеа нашаванд, зеро ин метавонад ба ҳаёти инсон арзиш дошта бошад.

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайтахт аз ҳама ронандагон даъват кардааст, ки тамоми қоидаҳои роҳро риоя намоянд ва ба ҳаркати бемамониати нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ халал нарасонанд.

 

 

55

Садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: писараки 4-сола ҳалок шуд

36
Ронандаи "Мерседес Бенс", ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд" аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи "Опел-Вектра" бархӯрдаст

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд хабар додааст, ки дар натиҷа мутаассифона кӯдаки хурдсол, чорсола ба ҳалокат расидаст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 4 июн рух додааст.

Тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес Бенс», Азимов Аскар Ахмедович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд" дар 186 км, ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда, Забаров Насим Баҳруллоевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор бархӯрдааст.

Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра" хурдсол, Забаров Муҳаммадҷон Диловарович, соли таваллудаш 2016, сокини шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Худи ронанда, Забаров Н.Б. ва мусофираш, Забарова Мастура Раҷабовна, соли таваллудаш 2007, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз руи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

36