Коронавирус: карантини 65 чинӣ дар Душанбе

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкТуристы в аэропорту
Туристы в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳангоми тасдиқ шудани COVID-19 дар ягон нафар бемор ба ҳуҷраи махсус интиқол дода мешавад, ки бокс ном дорад

ДУШАНБЕ, 5 мар – Sputnik. Айни замон 65 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо далели эпидемияи коронавирус дар кишварашон, дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе таҳти назорати карантинӣ қарор доранд, гузориш медиҳад "Ховар" дар истинод ба вазорати тандурустӣ.

Дар назар аст, ки қисме аз онҳо 5 март  пас аз ба охир расидани муҳлати карантинӣ ҷавоб дода шаванд.

"Ҳолати ҳамаи нафарони дар карантин қарордошта хуб буда, дар онҳо то ҳол ягон нишонаи беморӣ дида нашудааст", - гуфтааст сармутахассиси Вазорати тандурустӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Эркин Раҳмонов.
Олимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомот ба сафирҳои хориҷӣ: аз мо наранҷед ҳамааш, ба хотири пешгирӣ аз коронавирус

Дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе зиёда аз 390 кат барои бистарӣ намудани бемориҳои сироятӣ мавҷуд  буда, шароит барои табобати бемориҳои вирусӣ муҳайё карда шудааст, афзуд вай.

Ҳангоми тасдиқ шудани COVID-19 дар ягон нафар бемор ба ҳуҷраи махсус интиқол дода мешавад.

Муроҷиатномаи Вазорати тандурустӣ: дар Тоҷикистон маризии коронавирус сабт нашудаст

"Ин ҳуҷра бокс ном дошта, дар он тамоми қоидаҳои санитариву эпидемиологӣ барои бемории ниҳоят хавфноки вирусӣ омода карда шудааст.  Ҳуҷраи мазкур вирусро аз паҳншавӣ  нигоҳ медорад ва дар он  ҳуҷра ҳавополои махсуси «филтрӣ» мавҷуд аст, ки вирусҳоро дар худ нигоҳ дошта, паҳн шудан намегузорад", — гуфтааст Раҳмонов.

Ёдовар мешавем, ки  шурӯъ аз 31 январ беш аз 240 нафар шахсони аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон омада дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе ба муддати 14 руз ба карантин фаро гирифта шуда, ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0