Аҳмадзода баъд аз овозаҳои болоравии нарх ба бозорҳои “Гулистон” ва “Панҷшанбе” рафт

Обуна шудан
Раиси вилоят бо мақсади шиносоӣ бо нархи маҳсулоти ниёзи аввал шахсан аз бозорҳои “Гулистон” ва “Панҷшанбе”-и маркази вилоят боздид намуда, бо мардум суҳбатҳо анҷом дод

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни мулоқот бо фурӯшандагону харидорони бозорҳои маркази вилоят гуфт, мардуми вилояти Суғд бояд донанд, ки то имрӯз ягон ҳодисаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии воридшавии вируси мазкур тамоми чораҳоро роҳандозӣ  менамояд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.

Продажа муки - Sputnik Тоҷикистон
Орду равған фаровон аст: мақомоти Хуҷанд гуфт ҳангома насозед, ки ба ҷавобгарӣ мекашанд

“Бархе аз шахсони манфиатхоҳу фурсатталаб овозаҳои беасосро ба вуҷуд овардаанд, ки ин набояд боиси ба таҳлука афтодани мардум гардад”, - таъкид дошт Аҳмадзода.

Манбаъ зикр намудааст, ки раиси вилоят бо мақсади шиносоӣ бо нархи маҳсулоти ниёзи аввал шахсан аз бозорҳои “Гулистон” ва “Панҷшанбе”-и маркази вилоят боздид намуда, бо мардум суҳбатҳо анҷом дод.

 Дар аснои суҳбатҳо қайд карда шуд, ки пайдо шудани овозаҳои беасос боиси ташвиши бархе афроди зудбовар гардида, ин ҳолатро шуморе аз ҳаннотон ба манфиати худ истифода бурда истодаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки овозаҳо ягон асоси воқеӣ надоранд ва дар вилояти Суғд барои қонеъ намудани талаботи солонаи сокинон ба таври зарурӣ орду гандум ва дигар маҳсулоти зарурӣ захира гардидааст.

Продажа масла и муки на базаре Фаровон. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Воҳимаи коронавирус нархи орду равғанро дар бозорҳои кишвар боло бурд

“Илова бар ин ҳамарӯза садҳо тонна гандум аз хориҷи кишвар ворид карда шуд, дар тақрибан 30 корхонаи ордбарории вилоят коркард  карда мешаванд. Ба намояндагони сохторҳои дахлдор, роҳбарияти бозор ва соҳибкорон аз тарафи Раиси вилоят дастур дода шуд, ки барои пешгирии беасоси болоравии нархҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал чораҷӯӣ карда, барои муътадил нигоҳ доштани вазъи бозор тадбирҳои зарурӣ андешанд”, - қайд намудааст манбаъ.

Ҳамзамон Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳибкорони бозор суҳбат карда, аз фурӯшандагони маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла, биринҷ, равған, гӯшт, картошка, сабзӣ, пиёз тақозо карда шуд, ки аз ба таври сунъӣ баланд бардоштани арзиши маҳсулот пешгирӣ намоянд.

Гуфта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят захираи зиёди маҳсулот мавҷуд аст ва маҳсулот чун рӯзҳои қаблӣ тибқи талабот вориди бозорҳо гардонида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0