Рустами Эмомалӣ ва сафири Ҳиндустон чиро баррасӣ карданд

© Пресс-служба мэра ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустонро  мавриди баррасӣ қарор доданд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафири фавқулодаи Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх мулоқот намуд.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ бонувонро табрик кард: шумо шахсиятҳои тамаддунсозро ба дунё овардаед

Ба иттилои котиботи раиси шаҳри Душанбе, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустонро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бо қарори Рустами Эмомалӣ: замони баргузории иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ муайян шуд

Гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ ва Вираҷ Сингҳ сатҳи кунунии муносибатҳои мавҷударо ҳамаҷониба таҳлил намуда, самту уфуқҳои нави ҳамкории мутақобилан судмандро муайян намуданд.

"Рустами Эмомалӣ ва Вираҷ Сингх атрофи мавзӯоти марбут ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ   мубодилаи афкор намуданд", - омадааст дар хабар.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Ҳукумати Ҳиндустон дар соҳаҳои гуногуни инфрасохтори шаҳрдорӣ, аз ҷумла бунёди роҳҳо ва хоҷагии коммуналӣ як зумра  лоиҳаҳои ҳамкориро  ба роҳ мондааст ва оянда низ ин амал идома хоҳад ёфт.

Лентаи хабарҳо
0