XIX Всемирный фестиваль молодежи и студентов. Дискуссионная программа

Ба вакилон суол доред дар сомона пурсон кунед: парлумон ба сомонааш навгонӣ ворид кард

307
(Таҷдидшуда 12:54 08.03.2020)
Сомонаи расмии Парлумони Тоҷикистон - parlament.tj, ки бо шаклу намо ва тарзу усули муосир ба фаъолият оғоз кард

ДУШАНБЕ, 8 март — Sputnik. Сомонаи ҷадид  бо мақсади пешниҳоди маълумоти шаффофу дақиқу муътамад ва бо ҷалби мутахассис аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо таҳия шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Манбаъ қайд намудааст, ки сомонаи парлумон дар баробари ҷоӣгир намудани ахборотҳои соҳавӣ, маълумотҳои алоҳидаро аз дастоварду муваффақиятҳои кишвар, фаъолияти таърихии шахсиятҳои сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин иттилоотро аз мавзеъҳои саӣёҳию таърихӣ, меросию маънавии Тоҷикистони интишор хоҳад кард.

Дар сомонаи ҷадид, муҳимтарин навгонии сомонаи таҷдидшуда, дар он аст, ки шаҳрвандон метавонанд саволу дархост ва арзу  шикояти худро аз тариқи утоқи “Қабули маҷозӣ” ба вакилони худ пешниҳод намоянд.

Инчунин дар сохтори сомона харитаи электронии поӣтахт, ки барои саӣёҳон як василаи муосиру қулаю маълумотдиҳӣ  мебошад, ҷоӣгир шудааст.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки дар сомонаи ҷадид галереяи видеоӣ ва аксҳо таъсис шудааст, ки он имкон медиҳад наворҳо аз раванди иҷлосияҳои парлумон ва роликҳои таблиғотӣ оид ба мавзеъҳои назаррабои Тоҷикистонро манзури хонандагон намояд.

Ҳамчунин дар Парлумони кишвар қайд намуданд, ки сомонаи таҷдидшуда имконият медиҳад, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тариқи телефонҳои мобилӣ, планшет ва дигар воситаҳои техникӣ аз сомонаи мазкур истифода баранд.

307
Барчаспҳо:
вакилон, фаъолият, сомона, парлумон, Тоҷикистон
Зрители в кинотеатре

Дар ноҳияи Спитамен кинотеатри замонавӣ сохта мешавад

14
(Таҷдидшуда 15:26 03.08.2020)
Бино аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Гуфта мешавад, ки Аҳмадзода сараввал дар Ҷамоати шаҳраки Навкат бо ҷараёни сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ ошно шудааст.

"Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кооперативи “Гулрез” сохта шуда истодааст. Масоҳати умумии сохтмон 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, бинои сохташаванда тибқи лоиҳа аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад.

Филм барои +18 ё поинтар: тағйири қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кино”

Мувофиқи харҷномаи пешакӣ арзиши умумии сохтмон зиёда аз 7 миллион сомониро ташкил мекунад. Корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ “Книал” бар дӯш дорад.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи иншоот ба масъулин супоришҳо додааст.

14
Барчаспҳо:
рушду ободонӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, Спитамен

Бинои парлумон ва роҳ месозанд: Тоҷикистон интизори коргарони чинӣ аст

29
(Таҷдидшуда 15:27 03.08.2020)
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод, ки моҳи август сохтмони иншооти муҳими кишвар аз ҷониби ширкатҳои чинӣ идома меёбад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Барои сохтмони бинои парлумон ва бинои ҳукумат ба наздикӣ 250 мутахассиси чинӣ ба Тоҷикистон меоянд. Дар ин бора масъулин дар рафти нишати матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва садои Тоҷикистон дар Душанбе хабар доданд.

Манбаъ таъкид кард, ки интизор меравад кор дар ин самт бо ширкатҳои чинӣ, ки бино бар пандемия ба ақиб рафт, тирамоҳ идома меёбад.

Ба тарҳи сохтмон бунёди бинои нави парлумон ва маҷмааи ҳукумат дар Душанбе, амалӣ кардани давраи севуми тарҳи таъмир ва таҷдиди роҳҳои дохили кишвар дар шаҳри Бохар ва ноҳияҳои Кӯлоб дохил мешаванд.

Афзун бар ин, мутахассисони чинӣ ба таъмир ва таҷдиди қисме аз шоҳроҳи Кӯлоб-Мӯъминобод оғоз карда, ба сохтмони қисми дувуми роҳи Душанбе-Кулма дар минтақаи Қалъаи Хумб - Ванҷ омодагӣ мебинанд.

Раисҷумҳур ва нахуствазири Чин ба сохтмони бинои парлумон дар Душанбе санги асос гузошанд

Ба иттилои манбаъ, Чин мутахассисонашро аллакай аввали моҳи август равон мекунад. Коргарон ба Тоҷикистон тариқи парвозҳои махсус ворид мешаванд.

Ёдрас мешавем, пештар раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода низ хабар дода буд, ки сохтмони биноҳои нави парлумон ва ҳукумат ба наздикӣ оғоз мешавад.

Бино бар тавофуқи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Чин 80 дар сади сохтмончиён бояд сокинони маҳаллӣ бошанд ва арзиши лоиҳа 1,5 миллиард юанро ташкил медиҳад.

29