Дар Тоҷикистон шаҳрвандони шаш кишвари ҷаҳон зери карантин қарор доранд

© AFP 2023 / Tiziana FabiСотрудница аэропорта в маске и перчатках до проверки пассажиров в Риме
Сотрудница аэропорта в маске и перчатках до проверки пассажиров в Риме  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ 436 нафар, аз шаш кишвари мухталифи ҷаҳон зери карантин қарор гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз 1  феврал то 10 марти соли равон 1583 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои  Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба ҷумҳурӣ ворид шуданд, ба  карантин фаро гирифта шуда буданд.

Препарат против коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус ба мансабдорон ҳам расид: муовини вазири Бритониё низ гирифтори ин беморӣ шуд

Манбаъ қайд кардааст, ки аз 1583 нафар то имрӯз 1147 шаҳрванди хориҷӣ ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 436 нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Коронавирус сабаби манъи ҷашни Рӯзи ҷаҳонии занон дар Қазоқистон шуд

Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ зикр кардааст, ки то имрӯз сирояти коронавирус дар мамлакат ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, новобаста ба ин, чораҳои пешгирӣ ҷиҳати интиқоли сирояти мазкур ба кишвар пурзӯр карда мешаванд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки айни замон сирояти коронавирус дар 114 кишвари олам ба  қайд гирифта шудааст. Ин вазъият мутахассисони тоҷик, аз ҷумла масъулони ҳама вазорату идораҳои дахлдори кишварро водор кардааст, ки чораҳои қатъиро нисбати пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон роҳандозӣ ва боз ҳам пурзӯр намоянд.

Табибон дар фурудгоҳи душанбе бо ниқобҳои ҳимоятӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳим: дар Тоҷикистон нақшаи вокуниш ба коронавирус таҳия мешавад

“Ҳарчанд, ки то имрӯз дар ин  самт чораҳои мушаххас-қатъи парвозҳои ҳавоӣ ба 6 кишвари осебпазири сирояти мазкур, пурзӯр намудани корҳои назорати дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ, маҳдуд намудани чорабиниҳои оммавӣ, манъи намозҳои дастаҷамъонаи панҷвақта ва намози ҷумъа, ба истиснои намози ҷаноза ва дигар тадбирҳои андешидашуда рӯйи кор гирифта шудаанд, аммо бо вуҷуди ин, дар сатҳи ҳар як қатор вазорату идораҳои мухталифи кишвар нақшаҳои мушаххаси чораҳои пешгирӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шаванд”, - зикр намудааст вазорати тандурустӣ.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли сирояти коронавирус дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар ситоди корӣ ва байниидоравӣ  фаъолият менамояд.

Лентаи хабарҳо
0