Девушка в наручниках, фото из архива

Зани зиндонии тоҷик дар Афғонистон мехоҳад бо фарзандонаш ба Ватан баргардад

420
(Таҷдидшуда 01:35 12.03.2020)
Кормандони Созмони Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ номаи Олимаи Камол, шаҳрванди 29-солаи тоҷикистониро, ки дар зиндони Пули Чархии Кобул нигаҳдорӣ мешавад, ба бародараш таҳвил додаанд

ДУШАНБЕ, 12 март – Sputnik.  Олимаи Камол, сокини ноҳияи Ваҳдат дар соли 2015 аз Русия ба ҳамроҳи ҳамсараш ва се фарзандаш ба Сурия рафт, вале пас аз кушта шудани ҳамсараш бо фарзандонаш ба Афғонистон бозгашт, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Вай дар ин нома аз бародараш дархост кардааст, ки барои бозгашти ӯ ба Тоҷикистон, бо сафорати кишвараш дар Афғонистон ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ кунад.

Вазорати дифои Афғонистон: миёни кушташудагони ДОИШ-ӣ тоҷикон низ ҳастанд

Бародари Олима гуфтааст, ки дархости хоҳарашро ба иттилои мақомоти қазоии Тоҷикистон расонда ва мунтазири иқдоми амалии онон барои бозгардондани вай ва фарзандонаш аз Афғонистон аст.

Полковники тоҷик аз зуҳури "ДОИШ" дар Афғонистон баъди шикаст дар Сурия гуфт

Ба гуфтаи мақомоти қазоии Тоҷикистон, наздик ба 2 ҳазор нафар аз атбои ин кишвар дар солҳои 2014 то 2017 бо пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ, бавижа ДОИШ ба сурия ва Ироқ рафтаанд.

420
Барчаспҳо:
зиндон, Афғонистон, зани тоҷик, нигаҳдорӣ, Кобул, Тоҷикистон
Ребенок в воде на закате, архивное фото

Ҷасади писари 9-сола, ки бо падараш дар дарёи Хумбов сарозер шуд, пайдо гашт

87
(Таҷдидшуда 03:08 03.06.2020)
Ҷасади писари 9-сола, ки ҳамроҳ бо падараш дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба дарёи Хумбов сарозер шуда буд, пас аз ду рӯз тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса, дар соҳили дарё пайдо шуд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҷасади Худоиев Умари 9-сола, ки рӯзи 31-ми майи сол равон ҳамроҳ бо падараш дар як садамаи нақлиётӣ дар дарёи Хумбов сарозер шуда буд, ахиран тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса, дар соҳили дарё пайдо шуд.

Худоиев Умар писари Худоиев Аслншоҳ, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия Ванҷ будааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ ҷасади Умари хурдсолро ба пайвандонаш супурданд.

Ёдрас мешавем, ки садамаи нақлиётие, ки дар он падари писар ба ҳалокат расиданд, санаи 31-уми майи соли равон дар километри 109 шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, дар мавзеъи Шоҳидони ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб сурат гирифт.

Худрави тамғаи “Опел Астра”, ки аз ҷониби сокини 51-солаи деҳаи Рохарви ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ Озод Қадамов идора мешуд, дучори садама шуд.

КҲФ қайд намудааст, ки ин мошин аз ноҳияи Сангвор ба самти ноҳияи Дарвоз дар ҳоли ҳаракат буд ва сабаби садама то ҳол маълум нест.

Аммо ба гуфтаи шоҳидон худрав ба умқи тақрибан 80 метр ба дарёи Хумбов сарозер мешавад.

Бар асари ин садамаи мудҳиш ду нафар (падару писар) ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони ноҳияи Дарвоз бистарӣ шуданд.

87
Барчаспҳо:
пайдо, ҳодиса, дарё, писар, падар, ҷасад, Тоҷикистон
Ремонт дороги, архивное фото

Пул намерасад: мақомоти Қубодиён бо 15 ҳазор сомонӣ чанд километр роҳро таъмир кард?

72
(Таҷдидшуда 02:59 03.06.2020)
Мақомоти ноҳияи Қубодиён таъкид доштааст, ки маблағи ҷудошуда аз буҷети ноҳия барои таъмири роҳҳо кифоя нест ва ҳоло 70 дарсади роҳҳо ба таъмири асосӣ ниёз доранд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Дар ноҳияи Қубодиён 144 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мавҷуданд, ки 30 дарсадаш барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт мувофиқ буда, 70 дарсади дигар ба таъмир ниёз доранд. 

Тоҷикистону Эрон барои таъмири нақби “Истиқлол” 11 миллион доллар ҷудо карданд

Қурбоналӣ Хоҷаев, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қубодиён дар суҳбат бо рӯзномаи “Фараж” гуфт, ки барои таъмир ва кашидани хатҳои уфуқӣ аз ҳисоби буҷети ноҳияи ҳамагӣ дар панҷ моҳ 14 ҳазору 900 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин маблағ нокифоя аст.,

"IRS" дар роҳи Душанбе - Чаноқ маҳдудияти 12-соатӣ ҷорӣ мекунад

“Ин дар ҳолест, ки 70 дарсади роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта дар ноҳия ба таъмири асосӣ ниёз доранд”, – қайд кард Қурбоналӣ Хоҷаев.

Вай афзудааст, ки аз ҷониби соҳибкорони ноҳия бо харҷи 250 ҳазор сомонӣ роҳҳои маҳаллӣ сангфарш ва таъмири ҷорӣ шуда, як пул ва як қубури обгузар таъмир гардидааст.

Ҳамчунин вай илова кард, ки аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар дар панҷ моҳи соли ҷорӣ барои таъмири 34 километр роҳҳои байналмилалӣ 58 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки бо ин маблағ роҳҳо таъмиру навсозӣ шуданд.

72
Барчаспҳо:
пул, роҳ, таъмир, Қубодиён, Тоҷикистон