Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, акс аз бойгонӣ

Қарори Рустами Эмомалӣ: номзади нав ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешавад

2357
(Таҷдидшуда 11:10 12.03.2020)
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, бо имзои як қарор нахустин ҷаласаи вакилони халқии тозаинтихоби пойтахтро даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Шаҳрдорӣ мегӯяд, бар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 13 март баргузор мегардад.

Бар асоси барномаи ҷаласа, дар назар аст, вакилон дар баробари таъсиси комиссияҳо ва номгузории бархе кӯчаю маҳаллаҳои пойтахт, номзадро ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Кӣ ба курсии роҳбари №2-и Тоҷикистон мешинад?

Рустами Эмомалӣ, ки ахиран аз ҳавзаи интихоботии №25-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт шуд, аз номзадҳои асосӣ ба узвияти Маҷлиси миллӣ аз шаҳри Душанбе арзёбӣ мегардад.  

Дар интихоботи даъвати гузашта вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 25-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев шуда буд, ки аз ҷониби вакилони Душанбе ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардид ва раиси палатаи болоии парлумон – расман нафари дуюми давлат интихоб шуда буд.

Дар соли 2017, ки Рустами Эмомалӣ ҷойгузини Убайдуллоев дар мақоми раиси Душанбе шуд, ба далели синну сол наметавонист, узви Маҷлиси миллӣ шавад.

Бар асоси тағйироти қабулшуда ба Конститутсияи Тоҷикистон синни ҳадди ақали узви Маҷлиси миллӣ аз 35 ба 30-сола поин оварда шуда буд. Рустами Эмомалӣ, ки санаи таваллудаш  19-уми декабри 1987 мебошад, феълан аз номзадҳои асосӣ аз шаҳри Душанбе ба узвияти Маҷлиси миллӣ арзёбӣ мешавад. Дар расонаҳо ҳадс зада мешуд, ки ӯ ҷойгузини Убайдуллоев дар мақоми раиси палатаи болоии парлумон – нафари дуюми давлат хоҳад шуд.

Бар асоси фарзияҳои нашршуда, интизор меравад, Маҳмадсаид Убайдуллоеви 68-сола, ки аз соли 2000-ум то ҳол раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон мебошад, ба нафақа равад.

2357
Барчаспҳо:
вакил, номзадҳо, интихобот, Тоҷикистон
Учения МЧС РФ в Ростове-на-Дону

Мубориза бо КОВИД-19: дар Бӯстон маҳлули хлор тақсим мекунанд

8
Дар ҳудуди шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳу муассисаҳо ва манзилҳои аҳолӣ ҳамарӯза ҷиҳати безараргардонӣ тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар баробари ба роҳ мондани корҳои безараргардонӣ дар ҳудуди шаҳр тариқи нақлиёти махсуси хизматӣ ва дастгоҳҳои безараргардонӣ, инчунин Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ ба аҳолӣ маҳлули хлорро ройгон дастрас менамояд.

Дар ин бора шаҳрдории Бӯстон гузориш медиҳад.

Дар ҳудуди шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳу муассисаҳо ва манзилҳои аҳолӣ ҳамарӯза ҷиҳати безараргардонӣ тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, шурӯъ аз охирҳои моҳи апрели соли 2020,  ба зиёда аз 780 нафар сокинони шаҳри Бӯстон, ки хоҳиши шахсан дар манзилҳояшон гузаронидани корҳои безараргардонӣ доранд ва ё тариқи пешниҳоди раисони маҳаллаҳо беш  аз 11 тоннаву 700 литр маҳлули хлор дастрас карда шуд.

Тибқи иттилои директори Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Бӯстон Зайнулло Тешаев, дар Марказ захираи кофии маҳлулҳои безараргардонӣ мавҷуд аст.

Сокинон бемамониат имкон доранд ройгон маҳлули хлор дастрас намоянд.

Ҷаҳиши нархи хлору ниқоб дар Суғд

 

8
Дворец Нации

Фармони Раҳмон: нархи неруи барқ, об ва алоқа то охири соли 2020 баланд намешавад

72
(Таҷдидшуда 14:11 05.06.2020)
Эмомалӣ Раҳион бо судури фармони аз 5 июн  ба Ҳукумати мамлакат дастур дод, ки то охири соли 2020 масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳион ба Ҳукумати дастур дода, ки то охири соли 2020 бо мақсади кам намудани хароҷоти истеҳсолии корхонаҳо, роҳ надодан ба баландшавии нархи маҳсулоти ватанӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ва сатҳи таваррум баррасии масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад.

Фармони президент: киҳо аз андоз озод шуданд?

Дар Фармони мазкур омадааст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатии соли 2020 ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои харидорӣ ва пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ, аз ҷумла ғалла, тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо намояд.

Президент барои оилаҳои муҳоҷирон кӯмакпулӣ ҷудо кард: боз киҳо ва чандпулӣ мегиранд?

Дар баробари ин, бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст ва аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар карда мешавад.

72
Барчаспҳо:
об, барқӣ, фармон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон