Пробирки с биоматериалом в лабораторном комплексе

Наврӯз ва саломатӣ: ташхиси тиббии ройгони тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон

1899
(Таҷдидшуда 16:22 12.03.2020)
Озмоишгоҳи миллии референсии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро ба ташхиси ройгон даъват мекунад

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik.Озмоишгоҳи миллии референсии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз 1 то 21 марти соли равон  тамоми шаҳрвандони мамлакатро ба ташхиси ройгон  барои муайян кардани диабети қанд, хун барои уфунат ва гепатити Б фаро хоҳад гирифт.

Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, озмоишгоҳ ҳамчунин бахшида ба Рӯзи модар аз 1 то 8 март ба тамоми занону духтарони мамлакат ташхиси се намуд кандидоз-албиканс, глабрата, круз, хун барои уфунат ва гепатити Б-ро  ба таври ройгон ба роҳ монд.

Дар доираи иқдоми мазкур ба 289 нафар занони муроҷиатнамуда ташхисҳои зикргардида ба таври ройгон расонида шуданд.

Ҳамин тавр, хоҳишмандон метавонанд то 21 март барои ташхиси ройгон ба ин озмоишгоҳ муроҷиат кунанд.

"Хоҳишманон метавонанд наҳорӣ накарда, аз соати 8-и субҳ то то 11-и рӯз ба озмоишгоҳи мазкур муроҷиат  намоянд. Суроға: шаҳри Душанбе, шаҳраки Шифобахш (Қараболо)", - омадааст дар гузориши вазорат.

1899
Медицинские работники в госпитале COVID-19

Дурӯғ аст: пизишкони тоҷик қайчӣ шудани маошашонро такзиб карданд

62
Кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон мактубе навишта, иддаоҳоеро, ки музди корашон қайчӣ мешавад, такзиб кардаанд

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ мактуби саркушодае навиштаву иддаоҳои бархе нафаронеро, ки худро пизишк муаррифӣ карда, аз кам шудани маошашон дар давраи пандемия хабар медоданд, такзиб кардаанд.

Пизишкон изҳор доштанд, ки маълумотҳо дар бораи ба 300 сомонӣ кам шудани маоши кормандони соҳаҳои тиб ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе аз расонаҳо паҳн мешавад, аз ҳақиқат дур аст. 

Ҳамчунин аз ҳисоби духтурону ҳамшираҳои шафқат дезинфексия шудани муассисаҳои тиббӣ ва харидории либоси муҳофизатиро дурӯғ гуфтаанд.

Олимзода: ба пизишкони вобасташуда маоши иловагӣ дода мешавад

Дар ин мактуб онҳо хабар додаанд, ки маоши кормандони тиб аз 840 то 1277 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Табибон афзудаанд, ки афзун бар ин, иловапулиҳо низ пардохт мешаванд.

Дар моҳи Рамазон бошад, аз ҷониби саховатмандон кӯмакҳои моддӣ расидааст.

62
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан

Вазорати тандурустӣ аз тадриҷан кам шудани коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

141
(Таҷдидшуда 19:38 30.05.2020)
Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат дар нишасти ситод ба хулоса расиданд, ки КОВИД-19 дар Тоҷикистон коҳиш меёбад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои COVID-19 30 май доир гардид ва дар он масъулин аз кам шудани ҳолатҳои сироятёбӣ аҳ коронавирус хабар доданд.

Карантин в Узбекистане
Информационная служба ГУБДД МВД РУз
Дар ин бора Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар кори он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат иштирок доштанд.

Ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат кардаанд.

Сараввал оид ба вазъи феълии бақайдгирӣ, муоина ва табобати  беморони сирояти коронавируси нави COVID-19 дар кишвар сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳисобот доданд.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамуда, муайян гардид, ки рӯз то рӯз шумораи гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат коҳиш ёфта истодааст.

Ҳамзамон, дар кори ҷаласаи ситоди Вазорат масъалаҳои назорати қатъии гирифторони бемории COVID-19, ки ҳолаташон сабук буда, зери назорати табибон дар хона табобат мегиранд, таҳлили амиқ ва фаврии сироятёфтагон, таъмини табибон бо маводҳои муҳофизатӣ, муносибати кормандони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо беморон, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо маводҳои тиббӣ ва зиддивирусӣ, назорати қатъии тақсимоти маводҳои доруворӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

141